1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТ ДАР ДОНИШГОҲ

Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар толори факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ меҳмонон, журналистони варзида аз он ҷумла Солеҳи Зарифзод, Ҷӯра Юсуфӣ, Карими Шариф, Мухтори Абдулло, Илҳоми Ҷамолиён ва ғайраҳо иштирок доштанд.
Чорабинро декани факултети филологияи тоҷик Мӯсо Олимҷонов оғоз намуда кулли журналистонро ба идашон табрик намуд. Музаффар Юнусов, мудири шуъбаи иттилоот ва таҳлилии МИҲД-и вилояти Суғд табрикоти раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба самъи ҳозирин расонид ва мавсуф ҳамзамон аз имконият ва имтиёзҳои фаровони журналистон ёдоварӣ намуд.
Устоди кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума, номзади илмҳои филологӣ Абдуқодир Шехов роҷеъ ба «Назаре ба таърихи аввалин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои Шариф»» маърӯза ироа намуд.
Дар рафти чорабинӣ Илҳоми Ҷамолиён ва Солеҳи Зарифзод устодону донишҷӯёни кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик, яъне 103 – юмин солагии чопи аввалин рӯзномаи «Бухорои Шариф» табрик намуданд. Баъдан, саҳнае аз ҷониби донишҷӯён намоиш дода шуд, ки лаҳзаҳо иҷозаи чопи рӯзномаи «Бухорои Шариф» ҳикоят менамуд.
Мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи факултети филологияи тоҷики донишгоҳ Дилбар Самадова чорабиниро ҳусни анҷом бахшид.


Муллоаҳмад Ахмедов
донишҷӯ – таҷрибаомӯзи кафедраи
журналистика ва назарияи тарҷума


баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло