1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

БУЗУРДОШТИ ОИЛА ДАР ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯ

Дар пайи эълон гардидани соли 2015, Соли оила аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ- тарбиявиро пиёда сохтаанд.
Дар факултаи молия ва иқтисодиёти бозори донишгоҳ чорабинӣ таҳти унвони “Зан- чароғи хонадон,тароватбахши зиндагӣ” баргузор гардид. Дар он ҷомеаи донишҷӯён ва устодон факултет ширкат варзиданд. Нахуст, сармуаллимаи кафедраи иқтисодиёти соҳавӣ ва ташкили бозор Саодат Бегматова баромад намуда, оид ба дастовардҳо ва фаъолияти назарраси бонувони тарбиятдиҳандаи дар ҷодаи илм ва таълим факулта сухан ронд. Сипас, Зарина Мадаминова донишҷӯи факултети мазкур аксҳои ҷолиби диққат ва аз лаҳзаҳои хуши зиндагии хотирмони устодони факултетро ба намоиш гузошта, суханҳои меҳрпайвандӣ оварда, эшонро васф намуд. Ҳамчунин донишҷӯёни соли якум ва дуюм гуфтор, шеърҳо дар васфи Зан-Модар, саҳнача аз ҳаёти модарони ҷавон, рақси гуруҳӣ ва барномаи фарҳангии худро ба намоиш гузоштанд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки донишҷӯёни факултаи молия ва иқтисодиёти бозор ҳамроҳ бо устодонашон барои беҳбуди бахшидани маърифати оиладории ҷавонон, пурсиши афкор, дар байни оммаи донишҷӯёни факулта гузаронидаанд.
Гулшан Аҳророва раиси духтарони факултет аз дастгириии устодон доир ба ин назарсанҷӣ изҳори хушнудӣ ва пурсишро натиҷагирӣ карда, хулоса намуд, ки ба мо маълум гардид, ки ҷавонони имрӯз, зиндагии осуда дошта, дар фазои оромии кишвари азизамон Тоҷикистон, ҳамроҳ бо оилаи бомаданият ва аҳли фаҳм зиндагӣ карданро муҳим медонанд.


Солеҳҷон ҚОБИЛОВ
донишҷӯ-таҷрибаомӯзи
соли чоруми шӯъбаи рӯзноманигорӣ


баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло