1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ҲАМОИШ ДАР МАВЗУЪИ РЎЗ

Субҳи имрўз дар толори калони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати омўзиш ва баҳрабардории  суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот ба муносибати 10 солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш бо иштироки ҳайати роҳбарикунандаи донишгоҳ баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷўразода нишастро оғоз намуда, доир ба ҳадафи гузаронидани он маълумот дода, аз ҷумла таъкид сохт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба қабули он соли равон даҳ сол пур шуд дар рӯзгори мардуми кишвар таъсири бузург гузошт. Бахшида ба ин санаи таърихӣ мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони кишвар санаи 11 июли соли равон баргузор гардид, ки он боз як саҳифаи тозаеро дар таърихи кишвар ифтитоҳ бахшид. Дар ин мулоқот Пешвои миллат дар баробари ҷамъбасти даҳ соли амалӣ гаштани ин қонун дар мамлакат андешаву пешниҳодҳои нав дар беҳдошти зиндагии мардум ироа намуданд. 
Ҷамшед Ҷўразода зикр намуд, ки бо шарофати ин Қонун имрӯз мо на танҳо аз назари беҳдошти зиндагии хеш балки аз назари пос доштани анъанаҳои неки ниёгон ва баланд бардоштани маънавияту маърифати мардум ба комёбиҳо ноил гардидем. Воқеан Қонун имкон фароҳам овард то мо тавонем дороиҳои моддиву маънавии хешро дар рушди ҷаҳони ботинии худу фарзандон, густариш додани имкониятҳои донишандӯзиву ҳунаромӯзӣ мавриди истифода қарор диҳем. Таърих ва вазъи кунунии ҷомеа собит кард, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» саривақтӣ ва бамаврид буд. Ҷоизи зикр аст, ки ин қонун бо ибтикору ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид ва он баёнгари ғамхории сидқидилонаи Пешвои миллат ба мардуми кишвар мебошад..
Сипас, дотсенти факултети таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ Шавкат Шарипов дар мавзуъи “Танзими расму оинҳо, таърих, халқият ва муаммо” дар такя ба маъхазҳои таърихӣ маърўза илмӣ намуда, аз ҷумла, зикр намуд, ки мақсаду ҳадафи ҷомеаи демократӣ ин пеш аз ҳама риояи қонунгузорӣ, санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошад. Мардуми тоҷик асрҳои зиёд бо анъанаву урфу одати хеш аз халқиятҳои қадим маҳсуб меёбад. Ҷашну маросимҳои миллии мамлакатро ба 3 навъ ҷудо кардан мумкин: 1. Ҷашну маросимҳои халқӣ. 2. Динӣ. 3. Расмӣ. Нигоҳ доштани расму оинҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба он ва ҳамзамон тозаву беолоиш  ва эҳтиётнамудани ин арзишҳои фарҳангӣ аз бегонагон вазифаи аввалиндараҷаи мо мебошад.
Сипас, декани факултети молия ва иқтисодиёти бозори донишгоҳ доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Абдураҳмон Қодиров роҷеъ ба “Аҳамияти иқтисодӣ-иҷтимоии танзими расму оинҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърузаи илмӣ намуда, аз ҷумла таъкид намуд, ки  дар даҳ соли амалӣ гардидани қонун беш аз як миллиону чорсад ҳазор маърака ба қайд гирифта шудааст, ки барои баргузории онҳо ба ҳисоби миёна чоруним миллиард сомонӣ харҷ гардида, сарфаи умумӣ аз ҳамаи намуди маъракаву маросимҳо беш аз 18 миллиард сомониро ташкил кардааст. Яъне ин маблағҳо ба фоидаи мардум ва афзоиши даромади буҷети оилаи онҳо мусоидат намудаанд. Қабули қонун, ҳамчунин, ба кам шудани забҳи чорво мусоидат кард. Агар то аввали соли 2007 дар кишвар саршумори чорвои калон беш аз 1 миллиону 700 ҳазор сарро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда моҳи январи соли 2017-ум ба 2 миллиону 280 ҳазор сар расидааст, ки нисбат ба соли 2007 қариб 34 фоиз зиёд мебошад. Саршумори чорвои майда дар ин давра аз 3 миллиону 800 ҳазор қариб ба панҷуним миллион сар расида, 44 фоиз афзудааст. Дар зарфи даҳ соли амали қонун қариб ду миллиону 300 ҳазор сар чорвои хурду калон ба фоидаи аҳолӣ нигоҳ дошта шуда, таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти гӯштиву ширӣ беҳтар гардид.
Аюбҷон Усмонов, раиси кумитаи муттаҳидаи иттифоқҳои касабаи донишгоҳ аз фаъолияти комиссияи ҷамъиятии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир ба амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар донишгоҳ маълумоти муфассал дод.
Профессорон Абусаттор Абдуқодиров ва Матлуба Оқилова ба музокира баромада, фикру андешаҳои хешро доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баён доштанд.
Ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷўразода зимни натиҷагирӣ ва вазифагузорӣ  аз ҳамоиши номбурда, таъкид сохт, ки бояд баррасии рафти иҷрои Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба нақшаи ҷаласаҳои Шўрои олимони донишгоҳ, факултетҳо ва ҷаласаҳои кафедраҳо пешбинӣ гардида, мунтазам ҳар сол мавриди баррасӣ ва натиҷабардорӣ қарор дода шавад, фаъолияти доимии комиссияҳои ҷамъиятӣ дар факултетҳо беҳтар гардонида шуда, роҳбарии он бевосита ба зиммаи деканҳои факултетҳо вогузор карда шавад ва ҳамзамон корҳои басомонрасонидашуда зери назорати доимӣ гирифта шавад. Ба комиссияҳои ҷамъиятии донишгоҳӣ, факултету кафедраҳо супорида мешавад, ки ҳар як устодону донишҷўён бо моҳияти қонуни мазкур (оростани зиёфати расмӣ ба муносибати тайин шудан ба вазифа, гирифтани унвон, мукофотҳои давлатӣ ва дараҷаҳои илмию тахассусӣ, зодрўз, тўйи арўсию домодӣ, маросимҳои дафну азодорӣ) шинос карда шаванд, тибқи дастурамали комиссияи ҷамъиятӣ дар раёсати донишгоҳ ва ҳамаи факултетҳо дафтари сабти ҷашну маъракаҳо (китоби бақайдгирӣ) ташкил карда шавад. Бо устодону кормандон, донишҷўён ва падару модарон корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба риояи ҷашнҳои расмӣ, зодрўз, тўйи арўсию домодӣ ва дигар талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» тариқи вохўриву сўҳбатҳои инфиродӣ ва чорабиниҳои тарғиботиро вусъат диҳанд. Дар факултетҳо ва хобгоҳҳои №1, 2, 3 ва 9 донишҷўён низ силсилаи чорабиниҳоро бо ҷалби намояндагони мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, олимону коршиносони соҳа васеътар ба роҳ монанд. Бо ҷалби устодони соҳибтаҷрибаву соҳибунвони донишгоҳ тавсеа ва дастурҳои амалӣ барои камхарҷ гузаронидани ҷашну маросимҳо ва мақолаҳо дар рўзномаю маҷаллаҳо ва сомонаи донишгоҳ таҳия ва нашр карда шаванд.  
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло