1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ҶАМШЕД ҶЎРАЗОДА: “АЗ РОҲҲОИ МУАССИРУ БОСАМАРИ БУНЁДИИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ИСТИФОДА ХОҲЕМ НАМУД...”

Дар толори хурди донишгоҳ нишасти матбуотии ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба натиҷаҳои фаъолияти таълимӣ, илмӣ, тарбиявии ин муассисаи олии мамлакат дар шашмоҳаи аввали соли 2017 баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўразода зимни суханронии худ аз ҷумла қайд кард, ки фаъолияти таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва тарбиявии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар 16 факултет ва 67 кафедра аз он 8 кафедраҳои умумидонишгоҳӣ, марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ, парки технологӣ, китобхонаи марказӣ ба роҳ монда шудааст. Дар донишгоҳ аз рӯи 71 ихтисос дар шӯъбаи рӯзона ва аз он 25 ихтисос дар шӯъбаи ғоибона дар асоси нақшаҳои таълимӣ таҳсил роҳандозӣ гардидааст. Ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ 763 нафар, аз ҷумла доктори илм, профессор – 37 нафар, номзади илм, дотсент – 295 нафар, сармуаллим – 220 нафар, муаллим – 211 нафар мебошанд.
Ҷамшед Ҷўразода гуфт, ки донишгоҳ бо базаи моддиву техникӣ ва ахборотии раванди таълим, бинои асосӣ, 8 бинои таълимӣ, 4 хобгоҳ, 488 синфхонаҳои таълимӣ, 101 лабараторияҳои таълимӣ, 130 кабинетҳои махсус, 76 кабинетҳои таълимӣ, 70 кабинети лингофонӣ, 154 тахтаҳои электронӣ, 304 проектор, 1200 компутерҳои фардӣ, 16 адад серверӣ ва лабараторияҳои биологӣ, химиявӣ, электротехникӣ мавҷуд буда, шабакаи ягонаи тариқи нахи оптикӣ амал мекунад.Теъдоди умумии донишҷӯён дар шӯъбаи рӯзона 9344 нафар (3425 буҷавӣ) ва дар шӯъбаи ғоибона 9377 нафар (1373 буҷавӣ)  буда, ҳамагӣ 18721 нафарро ташкил медиҳад. Давоми нимсолаи аввали соли 2017 аз ҷониби устодон 8 монография, 15 маҷмӯа, 6 китоби дарсӣ, 6 дастури таълимӣ, 610 мақолаи илмӣ аз чоп баромаданд. Соли сипаришуда 2 ихтироот ва навоварии профессор Масаид Шерматов аз ќайди давлатї гузаштанд. Раёсати донишгоҳ азм дорад, ки  баҳри рушди бемайлони донишгоҳ аз роҳҳои муассиру босамари бунёдии таълиму тарбия истифода намояд.
Сипас, намояндагони ВАО аз ҷумла Мирзоаъзам Мақсудов (рўзномаи «Садои мардум), Афзал Босолиев (ШТР «Азия»), Ҷамшеди Маъруф(хабаргузории «Озодагон»), Абдусабури Абдуваҳҳоб (рўзномаи «Минбари халқ»), Нўъмон Раҷабзода (рўзномаи «Омўзгор») ва дигарон роҷеъ ба самтҳои мухталифи донишгоҳ суолҳо матраҳ намуда, аз ҷониби ректори донишгоҳ ҷавобҳои мушаххас дарёфт намуданд.
Дар анҷоми нишасти матбуотӣ ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Ҷамшед Ҷўразода аз рўзноманигорон даъат ба амал овард, ки ҷиҳати ҳамкории мутақобилаи судманд дари донишгоҳ боз аст ва намояндагони расонаҳои хабарӣ дар дилхоҳ вақт доир ба самтҳои мухталифи донишгоҳ маълумот дастрас карда метавонанд.
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ 
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло