1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

КОРНОМАИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Маҷмуъи мақолаҳои профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  Ваҳҳоб Набиев таҳти унвони «Корномаи  ҷавонони Тоҷикистон» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ дар ҳаҷми 296 саҳифа тариқи нашриёти «Нури маърифат» аз чоп баромад.
Маҷмуа фарогири мақолаҳои мудири кафедраи таърихи Ватани ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Ваҳҳоб Набиев дар бораи корномаи ҷавонон дар ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки солҳои гуногун дар матбуоти даврӣ ва маҷмуаҳои алоҳида ба нашр расидаанд.
Дар китоб ҳамчунин оид ба корнома, шуҷоат, ватандўстии ҷавонони тоҷик дар марҳилаҳои гуногуни таърихи ҷумҳурӣ-бунёди ҷомеаи нав, поягузории мактабу маориф, инқилоби маданӣ, далериву мардонагӣ дар майдони набарди Ҷанги бузурги Ватанӣ, иштирок дар бунёи иншооти муҳими дохилиҷумҳурӣ ва умумииттифоқӣ, саҳми ҷавонон дар таҳкими Истиқлолият, сулҳу Ваҳдат, суботу амният ва рушду устувории ҷомеа ва ғайра сухан меравад.
Аз мутолиаи мақолаҳои маҷмуа симои садҳо ҷавонони шуҷову фидокори Ватан пеши назар меояд, ки бо ҷасорат, матонат, ватандўстии худ дар ободонӣ ва шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳму хидматии шоёни худро гузоштанд.
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло