1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ИХТИЁРОНИ ВАТАНДУСТ САРҶАМЪ ШУДАНД

Дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғаффуров волонтёрон, гирандагони Стипендияи Президентӣ ва ҷавонони фаъоли вилояти Суғд гурӯҳи ихтиёрони Клуби волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як самимияти хоса ва меҳмоннавозии тоҷикона пешвоз гирифтанд. 
Роҳбари Клуби ихтиёрони вилояти Суғд Шодмон Нурматов ҳангоми шиносоӣ бо ихтиёрони вилоят афзуд, ки имрӯз дар Раёсати кор бо чавонон ва варзиши вилояти Суғд зиёда аз 50 нафар ҷавонони фаъол ба ҳаракати волонтёрӣ машғул гардида, баҳри нафъ расондан ба халқу миллат ва давлату Ҳукумат нақши созгор доранд. 
Каримҷон Салимзода ба ихтиёрон, ҷавонони фаъоли вилояти Суғд барои пешвозгирии гарму самимона изҳори сипос намуда, зикр намуд, ки маҳз роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дӯстиву иттифоқии ҷавонони Тоҷикистон лоиҳаҳои ҷадид ва барномаҳои гуногунро ба роҳ мемонанд, ки ин заминаи мусоиде дар ин самт мегардад. 
Шодмон Нурматов гурӯҳи кории волонтёронро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, роҳандозӣ намудани чунин барномаҳоро дар минтақаҳои гуногуний кишвар фоли нек номида, изҳори сипос ва минатодории бепоёни худро ба роҳбарияти давлат, махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани фазои оромиву осудагӣ ва иттифоқию дӯстии ҷавонони Тоҷикистон намуд. 
Оромиву осудагӣ ва тинҷию амонӣ моро ба ояндаи дурахшон мебарад ва дӯстии ҷавонони Тоҷикистон ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло