1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

“БАҲОРИСТОНИ СУХАН” БО ИШТИРОКИ ФАРЗОНАЮ ОЗАРАХШ

Бо дастгирии Мақромоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ташаббуси осоишгоҳи Баҳористон, телевизиони вилояти Суғд ва маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”-и ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ ва 20 солагии Иҷлосияи таърихии 16 уми Шурои олӣ дар канори “Баҳри тоҷик”маҳфили адабиву мусиқии “Баҳористони сухан” бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона ва шоиру ҳунарманди беҳамто Толиби Озарахш баргузор гардид.
Дар он бештар аз сад нафар мухлисони шеъру мусиқӣ,адибону олимон ширкат варзиданд. Шоира Фарзона ва шоир Озарахш  бо шеърҳои тоза, сӯҳбатҳои дилнишин ва сарояндагони мумтоз Дамирбек Олимов, Гуласал Пӯлодова, Амирҷон ва фарзандони шоирон Ҳумоюн бо суруду оҳангҳои дилнавоз маҳфилро обод карданд. Дар  маҳфили “Баҳористони сухан” ҳамчунин ровиёни хушадо Асламҷон Каримов ва Саидмурод Ҳоҷиев аз ашъори Фарзона ва Озарахш шеърҳо қироат карданд. Садорати Осоишгоҳи Баҳористон тасмим дорад,ки  дар канори Баҳри Тоҷик маҳфили “Баҳористони сухан” бо адибон ва санъаткорони дигар идома диҳад.
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло