1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

СУЛҲУ ВАҲДАТ ИБОРАҲОИ ДИЛЧАСПУ ДИЛНИШИНАНД

Ҳар сол 27 июн дар саросари Тоҷикистони азиз яке аз ҷашнҳои бузург ва таърихии миллатамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ, яъне рӯзи бозгашти сулҳу оромиш пас аз даргириҳои панҷсола таҷлил карда мешавад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда, дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободиву шукуфоии давлати соҳибистиқ-лоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик комилан ба сулҳу ваҳдат расид, ки ин муваффақияти тамоми тоҷикони олам маҳсуб аст. Дар чунин лаҳзаи ҳассос барои миллати тоҷик сарваре лозим буд, ки воқеан миллӣ бошад ва барои сулҳу ваҳдат ҷони худро дареғ надорад. Шахсе лозим буд, ки манфиатҳои миллаташро аз манфиатҳои қавму маҳаллу минтақа болотар донад. Иҷлосияии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки морҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби нерӯҳои солимфикри ҷомеа баргузор гардид, имконият дод, ки соҳиби ҳукумати қонунӣ гардад ва тоҷикон роҳбари хешро интихоб намоянд. Ва ин шахс Эмомалӣ Раҳмон буд. Бори аввал дар таърихи Тоҷикистон шахсе ба маснади давлат баромад, ки воқеан миллӣ ва аз миёни мардуми заҳматкаш буд ва аз орзуву ормон ва дарди миллат воқиф буб. Ва ҳоло баъди гузаштани 25 сол ва ақиб мондан саҳифаҳои пурдоғу дард медонем, ки Эмомалӣ Рамон он вақт ҷонашро барои сулҳ дар гарав монда аз минбари иҷлосия ба ҳайси сардори тозаинтихоби давлати тоҷикон аз сулҳ мужда дода буд. Дар он давраи ҳассос ва тақдирсоз, ки Эмомалӣ Раҳмон сарварии ҷомеаро ба ӯҳда дорад, бо равшанӣ маълум гашт, ки ӯ дар сиёсат аз истеъдоди фитрӣ ва аз сифатҳои муҳими сиёсатмадори барҷаста бархӯрдор аст. Садоқат ба халқу Ватан, сабру бурдборӣ, эҳсоси дарки авзоъ ва ташхиси иллатҳои он, истеъдоди интихоби тадбирҳои муфиду муассири ба вуҷуд овардани ваҳдати миллӣ, ягонагӣ ва дӯстию бародарии кулли афроди Тоҷикистонро ҳадафи хеш қарор додааст. Эмомалӣ Раҳмон хуб медонист,ки барои мардуми азияткашидаи Тоҷикистон алҳол бетарин ва бебаҳотарин сарват сулҳ аст. Ва аз рӯзҳои  аввали ба мақоми сардори давлат интихоб шуданаш роҳи ҳалли ихтилоф дар ҷомеа ва ба вуҷуд овардани сулҳу салоҳ дар мамлакатро дар машварат ва гуфтушуниди мусолиҳатомези ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин медид ва барои амалӣ кардани ин нақша шахсан саъю талош меварзид.  Ваҳдати миллӣ низ ба монанди дастоввардҳои дигари миллӣ ниёз ба ҳифзу нигоҳубин дорад. Сулҳу ваҳдат  ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин буда, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.
Имрӯзҳо ҳар як сокини кишвари азизро таассуроти гуворо аз тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаро гирифтааст. Шукрона ва ифтихор мекунем, ки тавонистем тамоми душвориҳоро дар роҳи эҷоди Сулҳу Ваҳдати миллӣ бартараф созем. Арзишҳои бузурги умумимиллӣ-соҳибистиқлолӣ, давлатдории миллӣ ва ягонаи марзу буми Ватани азизамонро аз манфиату  ғаразҳои гурӯҳию ҳизбӣ боло гузорем. Маҳз бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 “Соли ҷавонон”  эълон карда шуд. Мо насли ҷавон боварии комил дорем, ки ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун нерӯи созанда баҳри мустаҳкамии Ваҳдати миллӣ кӯшишу ғайрати худро дареғ намедоранд, зеро сулҳ пояи бақои миллат аст. Ҷавонон бояд ҷавобан ба ин ҳама ғамхории наҷиби Пешвои муаззами миллат дар паи аз худ намудани донишҳои нав ва соҳиби касбу ҳунар бошанду дар тамоми чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ фаъолона иштирок ва саҳмгузор бошанд. Ҷавонон бояд дар пос доштан ва арҷ гузоштани ин неъмати бузург ҳамеша саъю талош намоянд. Ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои бузург ва таърихии миллатамон ба ҳисоб меравад. Ҳамаи ин болоравии обрӯ ва эътибори халқи тоҷик, дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси байналмиллалӣ шаҳодат медиҳад, ки барои халқу  Ватани мо  аҳмияти бузург дорад. 
Мо ҷавонони созандаву ояндаи миллат, аз  ҳарвақта дида зичтару содиқона дар атрофи - Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчун фарди ватандӯст, ҷасур, далер, яктану якдил муттаҳид шавему баҳри боз қавӣ гардонидани Ваҳдати миллӣ, озодӣ, сулҳу салоҳ, ободии Ватан ва пешрафти ҷомеа мубориза барем. Ваҳдати миллӣ низ ба монанди дастовардҳои дигари миллӣ ниёз ба ҳифзу нигоҳубин дорад. Барои  ҳифзи ҳамешагии ваҳдат омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқии таҳкимбахши онро пайваста дар назар гирифтан, кадрҳои соҳаҳои гуногун, хусусан ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намудан, аз зарарҳои маҳалгароӣ, мансабпарастӣ бохабар кардан вазифаи муқаддаси ватандории тамоми ҷомеа аст. Ҳаёт бо маром пеш меравад, бо пастиву баландиҳояш, талхиву шириниҳояш бо тамоми ҳастияш пеш меравад, ба сӯи умеду орзуҳо, ба сӯи фатҳи куллаҳои нав ба нави зиндагӣ.  Ба  гузашти 25 соли соҳибистиқлолӣ ва 20 соли ваҳдатсолорӣ назар афканда шукри онро мекунем, ки то ба ин рӯзи фирӯз расидем ва ҳамзамон пеши назар меорем, ки дар ин давра чӣ қадар ранҷу заҳматҳоро паси сар намудем.
Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак.
Он чи ҷамъ созад парешонии моён, ваҳдат аст,
Он чи рангин мекунад ин рӯзгорон, ваҳдат аст.
Бишкуфад аз боди ваҳдат чеҳраи кӯҳсори мо, 
Он чи хандон мекунад рухсори инсон, ваҳдат аст.
 
З. Мирпочоева , 
муаллимаи кафедраи анатомия,
физиологияи варзиш ва  мудофиаи
граждании факултети тарбияи ҷисмонӣ 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло