1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ОҒОЗИ ҚАБУЛ БА МАГИСТРАТУРА

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров қабули довталабонро ба зинаи магистратура дар соли хониши 2017-2018 аз рӯи 20 ихтисос ба тариқи шартномавӣ ва буҷавӣ ба роҳ мондааст:
НОМГӮИ     ИХТИСОСҲО  
   1. Таҳсилоти ибтидоӣ
2. Таърих
3. Забон ва адабиёти тоҷик
4. Биология
5. География
6. Химия
7. Математика
8. Физика
9. Санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ. Технология
10. Забон ва адабиёти рус
11. Забони хориҷӣ (забони англисӣ)
12. Филологияи шарқ (забони арабӣ-англисӣ)
13. Рӯзноманигорӣ
14. Психология 
15. Кори бонкӣ
16. Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит
17. Информатика
18. Системаи компютерӣ ва Интернет- технология
21. Системаи бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ
20. Таҳсилоти томактабӣ, равоншиносии амалӣ 
Таҳсил дар магистратураи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар асоси Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 20 ихтисос ба роҳ монда шуда, ба магистрантон устодони соҳибунвони   варзида, ки дар хориҷи кишвар такмили ихтисос гузаштаанд, роҳбарӣ намуда, машғулиятҳои таълимӣ бо истифода васоити муосири техникии таълим гузаронида мешавад. 
Инчунин дар донишгоҳ магистрантон аз хориҷи кишвар таҳсил менамоянд ва магистрантони мо низ дар хориҷа барои таҷрибаомӯзӣ ба давлатҳои Аврупо сафарбар мегардад.  
Қабули довталабон ба зинаи магистратураи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз 1-уми июл оғоз гардида, то санаи 1 –уми августи соли равон идома меёбад.
ҲУҶҶАТҲОИ ЛОЗИМА:
• Ариза ба номи ректор
• Реферат аз рўи ихтисос
• Диплом (бо замима)
• Расм 3х4 – 6 дона
• Нусхаи шиноснома
• Варақаи шахсӣ бо  тарҷумаи ҳол
• Тасдиқномаи тиббӣ
Қабули ҳуҷҷатҳо аз санаи 1-ум то 31-уми июли соли ҷорӣ баргузор мегардад. Барои дарёфти маълумоти муфассал оид ба идомаи таҳсил дар магистратура ба суроғаи зерин мурожиат намоед:
Шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи Гулистон, кӯчаи Шарқ, 33
Телефон барои маълумот: 92 995 79 97
 
  
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло