1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Дар  Китобхонаи марказии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили илмиву адабӣ  таҳти унвони  ба ифтихори  20 - солагии Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Директори китобхонаи марказии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  дотсент Садриддин Мирзоев оғоз карда, қайд намуд, ки ҳадаф аз ташкили маҳфил ёдоварӣ аз кору пайкори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  шукргузории оромӣ ва осудагии Тоҷикистон соҳибистиқлол мебошад. Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин санадҳое мебошад, ки миллати моро аз пароканда шудан нигоҳ дошт, бинобар ин, ҳамагонро водор месозад, то ба қадри ин неъмати бузург- сулҳу ваҳдат бирасанд ва барои таҳкими он кўшиш намоянд. 
Сипас, дотсенти кафедраи археология ва этнографияи факултети таърих ва ҳуқуқ Сафаралӣ Эркаев дар сухани худ гуфт, ки мафҳуми Ваҳдати миллӣ ягонагӣ сафарбар намудани омма барои муттаҳидӣ, аз хатар наҷот додани халқу давлат, ҳифз намудани сарзамини кишварро фаро мегирад. Ҳамчунин дар ин маҳфил сардори маркази иттилоот ва таҳлил дотсент Киромиддин Мухторов доир ба арзишҳои Ваҳдати миллӣ андешаронӣ намуда, ҳифзу нигоҳдошти онро рисолати ҳар як шаҳрванд арзёбӣ кард.
Аз ҷониби донишҷўёни факултетҳои филологияи тоҷик, таърих ва математика дар бораи модар, Ватан ва Тоҷикистон шеърҳо қироат карда шуд. Ҳамчунин, донишҷўёни факултети санъат бо суруду навоҳои классикӣ маҳфилро ҳусни дигар бахшиданд. Дар поёни маҳфил аз ҷониби директори китобхона дотсент Садриддин Мирзоев ба донишҷўёне, ки дар маҳфил фаъолона иштирок карданд  сипоснома супорида шуд. 
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло