1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ФАЛСАФАИ ВАҲДАТ ВА АДАБИЁТИ МИЛЛИИ ТОҶИК

Сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсент Нуров Н. конфронси ҷумҳуриявии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иштироки бевоситаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Нуриддин Саид таҳти унвони   «Ваҳдати миллӣ— арзишмандтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ» баргузор гардид, дар мавзўи «Фалсафаи ваҳдат ва адабиёти миллии  тоҷик» суханронӣ кард. 
Бояд зикр намуд, ки дар конфронс  ҳамчунин муовини аввали Вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев доир ба арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои замони истиқлол, бахусус Ваҳдати миллӣ изҳори ақида намуд. Мавсуф аз хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст овардани сулҳу Ваҳдат ва посдориву нигоҳ доштани он  ёдовар шуда, ваҳдати миллии тоҷиконро ҳодисаи бемисли таърихӣ номид.
Сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм Раҷабалӣ Сангов аз нақши Ваҳдати  миллӣ дар устувории Истиқлолияти давлат андешаронӣ кард. Вай афзуд, ки ваҳдат ва созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷодаи имрӯзу фардои кишварро мунаввар карданд. Пас аз шаш марҳалаи ба даст омадани сулҳу ваҳдат Тоҷикистон тавонист ба сӯйи ободкориҳо ва сулҳу ваҳдати сартосарӣ ноил гардад.
Маърӯзаи ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Тоҷиддин Асомуддинзода ба масъалаи ҳифз ва таъмини Ваҳдати миллӣ дар шароити гуногунандешӣ иртибот дошт. Мавсуф таъкид кард, ки дар замони ба ҳам омадани ақидаҳо ва рушди фарҳангҳо бояд андешаи миллӣ, ки ҳадафаш созандагист, мавқеи намоён дошта  бошад.
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло