1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

РУЗИ ДУЮМИ САФАРИ ДОНИШҶУЁНИ ХАТЛОНӢ БА СУҒД

Тавре, ки иттилоъ дода будем, аз санаи 20 то 23 июни соли равон рўзҳои донишҷўёни вилояти Хатлон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Донишҷўён-ҷавонони ваҳдатсаро» баргузор шуда истодааст. Дар рузи дуюм донишҷуёну устодони Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳ  Рўдакӣ, Донишгоҳи  давлатии Қўрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи давлатии Данғара бо мақсади таҳкими дўстӣ, шиносоӣ оид ба вазъи таҳсил ва табодули таҷриба аз факултетҳои биология-химия, санъати тасвирӣ ва технология, забонҳои хориҷӣ ва педагогии донишгоҳ боздид ба амал оварда, бо дастовардҳои садорати факултетҳо ошноӣ пайдо намуданд.
Донишҷуёну устодони факултетҳои номбурда бо намунаи маҳсули ҳунари  эҷоди хеш ва барномаи фарҳангӣ табъи меҳмононро болида намуданд.
Сипас мехмонон ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташриф оварда, аз фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва илмии ин муассисаҳои олии маркази вилоят ошноӣ пайдо намуданд.
Гуруҳе аз меҳмонон таасуроти хешро аз сафар ва ҳадафи аслии ташрифашонро зимни иштирок дар барномаи “Айём”-и телевизиони вилояти Суғд баён доштанд.
Баъди нисфирузӣ  донишҷуёну устодони Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳ  Рўдакӣ, Донишгоҳи  давлатии Қўрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи давлатии Данғара аз Осорхонаи таърихии Қасри  маданияти Арбоб, толори баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои олии Тоҷикистон, чойхонаи миллӣ, Амфитеатр ва хонамузейи Нозим Усмонов воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид ба амал оварда, таасуроти нек бардоштанд.
Вохурӣ ва суҳбат бо Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона дар Хона музейи ба номи Камоли Хуҷандӣ ва зиёрати мақбараи Камоли Хуҷандӣ меҳмононро бо олами шеъру адабиёти ғании суғдиён огаҳӣ ва қаробати бештар намуд.
Сайру гашт дар Маҷмааи фаввораҳои шаҳри Хуҷанд, назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ анҷомбахши рузи дуюми чорабиниҳои рузҳои донишҷуёни Хатлон дар ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Донишҷуён-ҷавонони ваҳдатсаро” гардид. 
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло