1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ОҒОЗИ РУЗҲОИ ДОНИШҶӮЁНИ ХАТЛОН ДАР ДДХ БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Имрўз баъди нисфирузӣ гуруҳи беш аз 30 нафараи донишҷўёну устодони Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ, Донишгоҳи давлатии Қўрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи давлатии Данғара бо мақсади таҳкими дўстӣ, шиносоӣ оид ба вазъи таҳсил ва табодули таҷриба, ошноӣ аз ҷойҳои таърихиву фарҳангии вилоят, иштирок дар конфронсу мулоқот ва маҳфилҳои гуногун ба ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд.
Меҳмононро ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Ҷамшед Ҷӯразода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода, раиси кумитаи ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олим Зоҳидзода ва ҳайати устодону донишҷуёни донишгоҳ истиқбол намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло