1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

«ГАНҶИ СУХАН» АЗ АҲМАДҶОН ДАВРОНОВ ЁД КАРД

Нишасти   152-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, дар  толори раёсати  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров баргузор  гардид, ки дар он олимону адибон,устодону донишҷӯён,мухлисони каломи бадеъ ширкат варзиданд. Маҳфилро масъули он Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида , зикр кард,ки нишасти имрӯза ба Рӯзи ваҳдати миллӣ ва 85 солагии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида мешавад.
Нахуст маърӯзаи муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба тарбия  Мӯъминҷон Шамсиддинов дар мавзӯи “Пешвои миллат ва ваҳдати миллӣ ” шунида шуд. Ӯ дар бораи таърихи   Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ  дар Тоҷикстон сухан карда аз хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди сулҳи тоҷикон ёдрас намуд. Дар суханронии намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тӯтинисо Дадобоева дар бораи муҳимтарин чорабиниҳо дар қаламрави вилоят бахшида ба Рӯзи ваҳдат сухан рафт. Маърӯзаи илмии ҷолиб дар мавзӯи “ Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ва ваҳдати  инсонӣ” аз ҷониби Садриддин Мирзоев, номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи адабиёти классикӣ ироа гардид. Муаллиф муҳимтарин андешаҳои Мавлоноро дар мавриди вожаи ваҳдат,дӯстӣ ва ҳамдилии инсонҳо баён намуда, онро дар муқоиса бо ваҳдатофариҳои Пешвои миллат арзёбӣ намуд.  
Шоираи ваҳдатсаро Гулноз андешаҳои ҷолибашро дар бораи Ваҳдат баён намуда чанд шеъри нави хешро қироат кард.
Бахшида ба 85- солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва 80-солагии устоди донишгоҳ, номзади илмҳои филология, дотсент, шодравон Аҳмадҷон Давронов дар мавзӯи “Аҳмадҷон Давронов -  суханвар ва суханшинос”, номзади илмҳои филология, дотсент, декани факултети филологияи тоҷик Мӯсоҷон Олимҷонов маърӯза кард. Ӯ гуфт, ки Аҳмадҷон Давронов дар тӯли фаъолияти илмиву омӯзгории хеш дар пешрафти илму таълим дар донишгоҳ нақши босазо гузоштааст.Аз ӯ силсилаи китобҳои илмиву таълимӣ ва адабӣ ва бештар аз 200 мақола мерос мондааст.Шогирдон аз хоксорӣ ва инсодӯстии ин устоди беҳамто ҳамеша ёд мекунанд. Устодони донишгоҳ Саидмурод Ҳоҷиев ва Абдусаттор Абдуқодиров, ки бо Аҳмадҷон Давронов  бештар аз 40 сол ҳамкорӣ доштанд дар бораи хислатҳои неки он кас ёд карданд.Ҳамчунин духтари Аҳмадҷон Давронов дар маҳфил ширкат варзида дар поён сипосгузории хешро ба Раёсати донишгоҳ ва маҳфили “Ганҷи сухан” барои ёдоварии падари бузургвораш баён кард. 
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло