1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

БАРРАСИИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ ВОБАСТА БА ДУЗДӢ

Имрўз дар факултети таърих ва ҳуқуқ, бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқшиносӣ  бо иқдоми мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ Иброҳим Ҷабборов маҳфили илмии донишҷўён  «Адолат ва ҳуқуқ», дар мавзўи  «Баррасии парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба дуздӣ» бахшида ба Рўзи  ҷавонон ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ ҳусни оғоз бахшида сараввал ҳамаи донишҷўёнро ба муносибати Рўзи  ҷавонон ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфт ва ҳамчунин ба 10 нафар донишҷўёни фаъоли маҳфили илмии «Адолат ва ҳуқуқ» аз ҷониби намояндаи садорати факултети таърих ва ҳуқуқ, муовини декан оид ба таълим Д. Самадова ифтихорномаҳо супорида шуд, сипас мудири кафедра Иброҳим Ҷабборов  қайд намуд, ки бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва донишҷўёни курси 2,3,4 ва 5 ихтисоси таърих ва ҳуқуқ дар маҳфили навбатии донишҷўёни кафедра имрўз мурофиаи ҷиноятӣ гузаронида шуда истодааст, ки барои баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии донишҷўён аҳамияти калон дорад. 
Сипас,  мурофиаи судӣ бо иштироки донишҷўёни курси 2,3,4 ва 5 дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Аз рафти чорабинӣ маълум гардид, ки донишҷўён нисбат ба фанни ҳуқуқ ва оянда кор кардан дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шавқу рағбати беандоза доранд. Ҳар яке аз иштирокчиёни мурофиаи судӣ вобаста ба нақши интихобкардаашон хеле хуб баромад намуданд. 
Баъд аз анҷоми чорабинӣ муовини декан оид ба таълим Д. Самадова, омўзгори кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ А. Ҳомидов  баромад намуда оиди ҷамъбасти чорабинӣ фикру ақидаҳои худро баён намуданд. Мудири кафедра дотсент И. Ҷабборов дар ҷамъбасти чорабинӣ қайд намуд, ки ин иқдом бо иштироки донишҷўёни фаъоли факултет минбаъд низ идома ёфта, барои баланд бардоштани дониши ҳуқуқии донишҷўён ва таҷрибаи ҳуқуқии онҳо мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин муовини декан оид ба таълим қайд намуданд, ки дар ин толор донишҷўёни курси 1-ум низ иштирок доранд ва иштирок дар ин чорабинӣ барои оянда омўзиши фанни ҳуқуқ ба ин донишҷўён заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Бояд таъкид намуд, ки мурофиаи судии намунавии баргузоргардида, ҷиҳатҳои мусбати ҳуқуқӣ ва тарбиявӣ дошт, зеро иштирок дар ин мурофиа ҷавононро водор менамояд, ки ба амалҳои нопок аз қабили дуздию ғоратгарӣ ва авбошӣ даст назананд, зеро ин гуна амалҳо оқибат ҷавононро паси панҷараю вориди маҳбас мегардонад. 
Дар чорабинӣ 10 нафар устодон ва 80 нафар донишҷўёни шўъбаи рўзонаи факултет иштирок намуда, дар охир миннатдорӣ ва бардошти мусбии худро ба ташкилкунандагон ва иштирокчиёни мурофиа баён намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло