1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ТАРБИЯИ ФАРЗАНДИ СОЛЕҲ – КАФИЛИ ХУШБАХТИИ ОИЛА ВА ҶОМЕА

Бахшида ба Соли ҷавонон, Рўзи байналмиллалии оила ва 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси шўъбаи тарбия ва кор бо ҷавонон дар хобгоҳи №1- Донишгоҳ чорабини адабӣ– фарҳангӣ таҳти унвони  «Тарбияи фарзанди солеҳ – кафили хушбахтии оила ва ҷомеа» бо иштироки  З. Раҷабова, раиси бонувони донишгоҳ, М. Эргашева, аъзои Шўрои занони шаҳри Хуҷанд, М. Раҳимова, сармуаллимаи кафедраи психологияи умуми, М. Қўзиева, раиси бонувони факултети забонҳои шарқ, М. Абдурашидова, раиси бонувони факултети  филологияи тоҷик ва Х. Исмоилов, мутахассиси пешбари шўъбаи кор бо ҷавонон баргузор гардид.
Дар чорабини устодон ба донишҷўён оид пешгирии низоъҳои оилавӣ  суханронӣ намуда, ҷавононро доир ба чӣ гуна  бунёд  намудани  олилаи солим  ҳидоят намуданд. Аз ҷониби донишҷўёни факултети санъат ва филологияи тоҷик сурудҳо суруда шуда,  хотири иштирокчиёнро  болида гардониданд.
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло