1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ

 Тибқи  нақшаи чорабиниҳои  ҳафтаинаи   корҳои тарбиявии  факултет  ва бо мақсади баланд  бардоштани  сатҳи дониши сиёсӣ,  ҷаҳонбиниву худогоҳии  ҷавонон дар  факултети педагогӣ  сўҳбат  бо  профессор  Шавкат  Шаропов оид  ба  баррасииву  шиносоӣ бо китоби   Пешвои  миллат,  Асосгузори сулҳу  ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон   Эмомалӣ   Раҳмон   «Тоҷикон  дар оинаи  таърих»  баргузор  гардид.  Дар  сўҳбат  устод  Шавкат Шаропов  оид  ба  мавқеи  китоби мазкур  дар  таърихи мардуми  Тоҷикистони  тозаистиқлол, аҳамияти он дар  баланд  шудани  сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, худшиносиву  худогохӣ, огаҳӣ  доштан  аз таъриху тамаддуни мардуми тоҷик  дар давраҳои гуногуни  таърихӣ   ҳарф  зада,  зикр  доштанд,  ки  имрўз  эътимоду  боварии  Пешвои  миллат  ба ин  қишри  ҷомеа, яъне  ҷавонон  хеле  баланд аст ва  исботи фикрҳои болоӣ   эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон маҳсуб меёбад.  Имрўзҳо  дар  қаламрави  ҷумҳурӣ  «Як моҳи ҷавонӣ» идома дошта, ҳар  рўз  даҳҳо   чорабиниҳои  фарҳангиву   адабӣ, озмунҳои мухталиф  рўи кор омада  истодаанд.  
  Сўҳбат бо  намоиши  слайд  оғоз  гашта,  оид ба таърихи таълиф, мазмуну  мўҳтаво, аҳамияту  арзиши  ин асари  тақдирсоз маълумоти  муфассал пешниҳоди  донишҷўён гардонида шуд.  Дар охири сўҳбат байни устод  Ш. Шаропов  ва донишҷўён  саволу ҷавоб ва сўҳбати ошкоро  баргузор   гардид.
   Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло