1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ЗИҲӢ ШОИР-НУРАЛӢ НУРЗОД

Масъулини хобгоҳи духтаронаи рақами дуюми донишгоҳ бо ҳамкорӣ бо шӯъбаи ҷавонон маҳфили шеъри шоир ва муҳаққиқи шинохтаи тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, дотсент сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Нуралӣ Нурзод  доир намуд.  Дар ин маҳфил, донишманд ва адабиётшиноси варзида, доктори илмҳои филологӣ, профессор Шамсиддин Солеҳ аз Донишгоҳи давлатии омўзгории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Х. Сабуров декани факултети филологияи тоҷик, дотсент Олимҷонов М., мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷик, дотсент С.Саидов, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ, дотсент С. Вайдуллозода, муовини раиси  КМИК К.Иброҳимов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Э. Наврўзов, сармутахасси раёсати илм ва инноватсия Р. Абдуллоев иштирок намуданд. Ҳамчунин маҳфили мазкур бо ҳузури Қобилҷон Зарипов–хунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ранги дигар гирифт. Дар маҳфили шеър ҳунармандон Аловиддин ва Ҳилолиддин Шамсиевҳо низ ширкат варзиданд.     
Донишҷўи донишҷўи курси чоруми факултети санъат Зикрулло Саидов ва дуюми ҳамин факултет Ғуфрон Дилназаров табъи ҳозиринро бо сурудҳои марғуб шод намуданд. Зимоми маҳфилро донишҷўёни факултети филологияи тоҷик Таҳмина Раҳмиддинзода ва  Шодмонбибӣ Шаропова бар дўш доштанд. 
Нуралӣ Нурзод дар ин мулоқот ҳамчун шоир ва муҳақиқи соҳаи адабиёт ба донишҷуён суҳбати самимӣ доир намуда, аз намунаҳои ашъораш шеърҳо қироат намуд. Шамсиддин Солеҳ профессори донишгоҳи давлатии омўзгории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар бораи шахсият ва ҳунари суханварии Нуралӣ Нуров баҳои баланд дода, Нуралӣ Нурзодро ба сифати як нафар донишманди адабиётшинос ва муваффақ муаррифӣ кард. Дар канори ин бояд таъкид намуд, ки перомуни фаъолияти пурмаҳсули шоир ва муҳаққиқ Н. Нуров муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Х.Сабуров  декани факултети филологияи тоҷик М. Олимҷонов мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷик С. Саидов, дотсенти кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷик С. Ҳоҷиев суханронӣ намуданд.  Донишҷўён аз ашъори шоир шеърҳо қироат карданд. Дар хотима шоир Нуралӣ Нуров ба донишҷўён маҷмўаи ашъорашро бо умеди тавфиқ дар корҳои хониш ва эҷодӣ тақдим сохт.  
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ  
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло