1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

МУЛОҚОТИ РЕКТОР БО ФАКУЛТЕТҲОИ ПЕДАГОГӢ, САНЪАТИ ТАСВИРӢ, БИОЛОГИЯ ВА ТЕЛЕКОМ

Дар чаҳорубаи силсилавохўриҳо дар толори калони раёсати донишгоҳ мулоқоти ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўразода бо  устодони факултетҳои педагогӣ, санъати тасвирӣ ва технология, телекомуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ ва биология-химия сурат гирифт.
Нахуст декани факултетҳои педагогӣ Сатторбердӣ Рабиев, санъати тасвирӣ ва технология Абдулатиф Азизов, телелекомуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ Гулнора Узоқова, биология ва химия Шаҳноза Мирзобаҳодурова доир ба дастоварду муаммоҳои факултетҳои номбурда маълумот муфассал доданд.
Зимни таҳлили вазъи воқеъии факултетҳо ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўразода ҳадафи вохўриро шарҳ дода, роҷеъ ба самтҳои таълим, илм, тарбия ва муносибатҳои байналмилалӣ  аз масъулин пурсиш ба амал овард.
Роҳбари донишгоҳ ба садорати факултетҳо ҷиҳати таълифи асарҳои илмӣ, ихтирооти нав, ҷалби донишҷўён ба маҳфилҳои илмӣ, афзун намудани сафи олимони ҷавон, баланд бардоштани сифати дарсҳо, тарбияи донишҷўён дар рўҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ҳусни анҷом пазируфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил 
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло