1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ

Дар толори хурди раёсати донишгоҳ ҷаласаи навбатии Раёсати донишгоҳ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўразода баргузор гардид. Нахуст оид ба рафти омодагӣ ба сессияи тобистона, атестатсияи давлатии хатмкунандагони соли таҳсили 2016-2017, таҳия ва танзими ҳуҷҷатҳои он дар факултетҳо Абдулфаттоҳ Раҳимов, муовини ректор оид ба таълим маълумот дода аз ҷумла зикр сохт, ки ҷиҳати тайёрӣ ва босифат гузаронидани сессияи тобистонаи курсҳои хамткунанда дар ҳамаи факултетҳо мувофиқи низомнома, ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ҷумла таҳия ва тасдиқи ҷадвали санҷишу имтиҳон, тестҳо, дафтарчаҳои санҷишӣ ва ғайра омода карда шудаанд. Сессияи тобистонаи хатмкунандагони соли таҳсили 2016ғ2017 дар шуъби рўзона аз ҷониби маркази тестӣ қабул карда шуда, билетҳои имтиҳоноти ниҳоии хаттӣ дар мувофиқа бо мутахасисони дахлдор тартиб дода шудаанд. Барои курсҳои боқимонда, яъне 1-3 тибқи ҷадвали раванди таълим сессияи тобистона санаи 29 майи соли равон оғоз меёбад. Имтиҳонот дар чор намуд: тестӣ, эҷодӣ, хаттӣ ва шифоҳӣ ташкил карда мешавад. 
Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўразода зимни баррасии масъали мазкур, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба муташааккилона гузаронидани маъракаи имтиҳоноти ниҳоӣ ҷалб намуда, масъулини раёсати таълим, шўъбаи идоракунии сифати таҳсилот, маркази тестӣ, маркази бақайдгирӣ ва машваратиро дар ҳамкорӣ бо садорати факултетҳо вазифадор намуд, ки роҷеъ ба масъалаи ташкил, назорати доимии раванди таълим, давомоти донишҷўён дар факултетҳо ва баргузории сессияи тобистона, аттестатсияи давлатии хатмкунандагони соли таҳсили 2016-2017 мутобиқи Низомномаҳои амалкунандаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад. Садорати факултетҳо ва мудирони кафедраҳо бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ ва рух надодани ҳодисаҳои номатлуб дар давраи сессияи тобистона бо иштироки масъулин ҷаласаҳои корӣ ташкил намуда, суратҷаласаи онро ба раёсати таълим пешниҳод намоянд.
Сипас, сардори маркази бақайдгирӣ ва машваратии донишҷўён Нодира Дадобоева оид ба масъалаи “Таҳлили  вазъи давомот ва пешрафти донишҷўёни факултетҳои донишгоҳ” ва сардори  раёсати таълим Муҳиддин Сабуров роҷеъ ба масъалаи “Вазъи хориҷ намудани донишҷўёни факултетҳо барои қарздории академӣ ва давомоти нокифоя (зиёда аз 36 соат)”  маълумоти муфассал доданд.
Зимни баррасии масъалаи мазкур масъулин вазифадор карда шуданд, ки давомот ва пешрафти донишҷўёни шўъбаҳои рўзона ва ғоибонаи факултетҳои донишгоҳро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Ба садорати факултет ва ҳуқуқшиноси донишгоҳ С. Бобоҷонова дастур дода шуд, ки масъалаи хориҷ намудани донишҷўён тибқи низоми муқарраршуда ва қоидаҳои амалкунандаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, барои андешидани муҷозоти интизомӣ тибқи далел ва ҳуқуқҳои санадии пешбинишуда қабл аз хориҷ намудани донишҷўён чораҷўйӣ карда шаванд.  
Мудири шӯъбаи магистратура Малоҳат Усмонова оид ба «Вазъи иҷро ва сатҳу сифати рисолаҳои магистрии магистрантони донишгоҳ» маълумот дода аз ҷумла афзуд, ки корҳо дар ин самт ҷараён дошта, тибқи талабот ба роҳ монда шудааст. Соли ҷорӣ 238 нафар магистрантон аз рўйи 16 ихтисос рисолаҳои масгистиро ҳимоя намуда, дар асоси нақшпаи таълимии магистратура дар муҳлати муқарраргардида имтиҳони давлатиро аз рўйи ихтисос месупоранд.
Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўразода зимни баррасии масъалаи мазкур мудири шўъбаи магистратураро вазифадор намуд, ки нашри сеюми маҷмўаи мақолаҳои магистрантон таҳти унвони «Армуғони навроҳони илм»-ро  то охири моҳи  май  барои чоп омода намояд. Садорати факултетҳои математика, геоэкология, забонҳои шарқ, физикаю техника, телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ, таърих ва ҳуқуқ  вазифадор карда шаванд, ки барои дар мўҳлати муқарраргардида омода шудани рисолаҳои магистрии магистрантони курси 2 чораҷўӣ намоянд. 
Сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Нуралӣ Нуров « Оид ба фаъолияти илмии донишгоҳ дар  нимсолаи дуввуми соли таҳсили 2016-2017 ва натиҷагирӣ аз баргузории конфронси илмии анъанавӣ дар донишгоҳ» иттилоъ дода, аз ҷумла гуфт, ки аз тарафи устодони донишгоҳ дар ин давра 2 монография, 2 дастури таълимӣ, 2 маҷмўъаи мақолаҳо, беш аз 520 мақолаҳои илмӣ интишор ёфтанд. Бахшида ба Соли ҷавонон маҷмуаи мақолаҳои олимони ҷавон таҳти унвони “Раҳоварди олимони ҷавон” рўйи чоп омад.Дар ин муддат 6 нафар муҳаққиқон рисолаҳои номзадии хешро ба итмом расониданд.
Роҳбари донишгоҳ ба сохторҳои дахлдори илм дастур дод, ки рафти иҷрои саривақтии нақшаи дурнамои КИТ-ро барои солҳои 2016-2020 ва мутобиқати корҳои анҷомёфтаро бо барномаи ба таври доимӣ ба роҳ монанд, фаъолияти шўъбаи табъу нашри донишгоҳ ба роҳ монда, маводи илмии устодону олимон таҳти назорат гирифта, минбаъд барои  танҳо бо тавсияи Шўрои табъу нашри донишгоҳ нашр шудани онҳо тадбирҳои амалӣ андешанд. 
Мудири шўъбаи робитаҳои байналмилалӣ Темур Каримов «Оид ба  давомот, сатҳи донишазхудкунии  донишҷўёни хориҷӣ дар факултетҳои донишгоҳ ва вазъи бақайдгирӣ, баробарарзишкунии ҳуҷҷатҳои донишҷўёни хориҷӣ»  маълумоти муфассал дода. Маълум гардид, ки алҳол дар донишгоҳ 86 нафар донишҷўёни хориҷӣ дар шуъбаи рўзона таҳсил намуда истодаанд. Таҳлили гузаронидашуда вобаста ба сатҳи донишазхудкунии донишўёни хориҷӣ нишон медиҳад, ки дар факултетҳои филологияи рус, математика, забонҳои хориҷӣ, педагогӣ, филологияи тоҷик хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳуҷҷатҳои таҳсилотии ҳамаи донишҷўёни хориҷӣ баробарарзишӣ карда шуда, дар парвандаи шахсии онҳо нигоҳ дошта шудааст.
Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўразода ба садорати факултетҳо супориш дод, ки ба донишандўзӣ ва давомоти донишҷўёни хориҷӣ аҳамияти махсус зоҳир намоянд. Барои ҷалби донишҷeён аз  кишварҳои Қирғизистон, Қазоқистон  барои таҳсил дар донишгоҳ ҷаҳд намоянд. Масъулини шўъбаи робитаҳои байналмилалӣ вазифадор карда шаванд, ки аз ҳисоби муҳассилини хориҷӣ барои таъин намудани як нафари муттасадӣ дар мавриди корбарӣ кор бо донишҷўёни хориҷӣ - барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, сари вақт бақайдгирии донишҷўёни хориҷӣ ва назорати шароити буду боши онҳо чораҳои зарурӣ андешида шуда, раванди таълиму тадрис, давомоти донишҷўёни хориҷиро зери назорат дода шавад. 
Бо баррасии масоили ҷорӣ ба ҷаласаи Раёсати донишгоҳ ҳусни анҷом бахшида шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло