1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ҶОМЕАИ ҶАВОНОН БАР ЗИДДИ ТЕРРОР

Таҳти ин унвон бо ташаббуси устодони кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ дар хобгоҳи №3 чорабинии васеъ бо иштроки намояндаи раёсати донишгоҳ дотсент Ў.Умаралиева ва донишҷўён баргузор гарид. Дар гузориши худ донишҷўён таъкид намуданд, ки террор аз ҷумлаи проблемаҳои ҷиддии умумиҷаҳонӣ  ба шумор рафта, ҳамагонро ба ташвиш овардааст. Бо дарназардошти мубрам будани муаммои тундгароӣ ва сарчашмаву  анвои он, хатари он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан ба мафкураи ҷавонон ин мавзўъ ба самъи ҳозирин расонида шуд. Дар рафти чорабинӣ донишҷўён дар васфи Ватан, шукронаи ин сарзамин, тинҷиву осоиштагӣ ва мазаммати тундгароиву ифротгароӣ шеърҳо қироат намуданд. 
Ҳамчунин тазаккур ёфт, ки имрўз аксари террористон аъмоли зишту касифи худро тамѓаи динӣ зада, хешро равандагони воқеии роҳи дин вонамуд месозанд ва бо шиорҳои фиребо ҷавонони гумроҳу бесаводро ба доми худ меафкананд. Дар воқеъ аксари онҳое, ки ба доми тазвири ин гуна афроди зишт афтодаанд, бесавод буда, аз асолати дин хабар надоранд. Зеро дар ягон дин, хосса ислом куштору ваҳшониятро тарѓибу ташвиқ накарда, балки онро маҳкум менамоянд. Дар охир, пас аз суханронии намояндаи раёсати донишгоҳ, ҷавонон бо як овоз зидди террор будани худро изҳор карданд. 
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ 
    
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло