1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

БИЁЕД, КИТОБ МЕХОНЕМ

Муовини ректор оид ба илм ва инновактсия, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Х.Сабуров дар аксияи «Биёед, китоб мехонем», ки бахшида ба Рўзи китобхонон дар китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ доир гардид, иштирок кард. Дар ин чорабинии муҳими фарҳангӣ, донишҷуёни донишгоҳ ширкат варзида,  бо китобҳои ба маърази намоиш гузошташуда шинос шуда, доир ба мавзўи аҳамияти мутолиаи асарҳои бадеӣ ва илмӣ иттилооти бештар пайдо карданд. Баргузории ин чорабинии оммавӣ дар соли таърихии  ҷавонон ба ҷалби бештари ҷавонон ба китобхона ва машғулияти китобхонӣ боис мегардад, ки роҳандозии ҳамин гуна барномаҳо аз ҷониби масъулини китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ дар шароити навини сайёра аҳамияти беандоза дорад. Бо татбиқи ҳамин гуна ҳадафҳо робитаи аҳли ҷомеа, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки яке аз марказҳои бонуфузи илмӣ дар  вилоят маҳсуб мешавад, ба китобхона ва марказҳои фарҳангӣ қавӣ гардида истодааст.
                                                                                           Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло