1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

МАҚОМИ АВВАЛИ ДУХТАРОНИ ВОЛЕЙБОЛБОЗОНИ ДДХ

Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ҳамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон байни муасисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурӣ  мусобиқаи варзишӣ дар намуди волейбол (бонувон)  дар мактаби махсуси кӯдакон ва наврасони захираҳои олимпӣ №5-и шаҳри Душанбе  баргузор гардид.
Дастаи донишҷўёни ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо тими “Қурғонтеппа”  ва “Помир 1” қувваозмоӣ намуда, ҳарду ба хисоби 3.0 мағлуб намуда, дар давраи ниҳоӣ бо дастаи “Душанбе 1” ба майдон баромада, онро бо ҳисоби 3:2 ба манфиати донишҷўдухтарони донишгоҳ гардида, дар мусобиқаи мазкур мақоми авввал касб намуданд.
                                                                                        Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло