1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

МАҲФИЛИ НАВБАТИИ “ГАНҶИ СУХАН”

Дирӯз нишасти   151-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, дар  Донишкадаи иқтисод ва савдои  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор  гардид, ки дар он бештар аз 300  нафар мухлисони каломи бадеъ ширкат варзиданд.Маҳфилро масъули маҳфил Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшид. Сипас дар бахши  навгониҳои илмиву адабӣ, номзади илмҳои филология, дотсенти ДИСДДТТ  Гулчеҳра Аҳророва баромад карда, ҳозиринро бо китобҳои тозаинтишор ошно кард. Дар мавзӯи  “Бобоҷон Ғафуров  ва адибон” Шамсиддин Солеҳов,доктори илмҳои филология, профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маърӯзаи пурмӯҳтаво намуд. Дар бахши “Минбари шеър” шоир  Нуралӣ Нурзод аз ашъори нави хеш шеърҳо қироат кард. Бахшида ба зодрӯзи Шоири Халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ  дар мавзӯи “ Шеъри ваҳдат ва истиқлол дар осори Лоиқ” Дилором Эшонова, номзади илмҳои филология, дотсенти ДИСДДТТ суханронӣ карда, ба ҳозирин аз ашъори ватандӯстона ва ваҳдатхоҳонаи шоир изҳори назар кард.
Сироҷиддин Бобоев номзади илмҳои филология дотсенти ДИСДДТТ бошад аз хотираҳои сабзи хеш бо ҳамкории хеш бо устод Лоиқ нақли ҷолиб кард. 
Сипас монтажи адабии донишҷӯёнро дар асоси ашъори Лоиқ Шералӣ ҳозирин ба хубӣ истиқбол намуданд ва суруду оҳангҳои дилнишин хотимабахши маҳфид гардид.Дар поён  ба маърӯзакунандагон ва меҳмонрн ҳадяҳои Раиси вилояти Суғд    супорида шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
                                                           
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло