1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ВАҲДАТ-БАҚОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Дар маҷлисгоҳи факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ваҳдат-бақои давлату миллат» бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Ин конфронс бо ташаббуси кафедраи таърихи умумӣ баргузор шуда, да кори он устодони кафедра дотсентон Р. Юлдошев ва А. Аюбов дар мавзўҳои «Ваҳдати миллӣ-дастоварди бузурги халқи тоҷик» ва «Абармарди сарнавиштсози миллат» маърўзаҳои пурмўҳтаво карданд.
Конфронс бо сухани ифтитоҳии декани факултет дотсент Н.Маҳмудова  оғоз гардид. Хурсандибахш аст, ки дар кори конфронс донишҷўён низ ширкат варзиданд.
Аз ҷумла, донишҷўи курси 4 Г. Мирзоқулова дар мавзўи «Эмомалӣ Раҳмон-ҳомию раҳнамои ҷавонон» маърўза намуд. Конфронс хубу хотирмон гузашт.
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло