1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКА ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ

Чанде пеш бо иқдоми раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти  давлатии вилояти Суғд мусобиқаҳои вилоятӣ оид ба варзиши сабук байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят бахшида ба Соли ҷавонон ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар ин мусобиқаҳо донишҷӯёни факултети физикаю техника фаъол иштирок намуданд. Ӯғилҷон Раҳимбердиева–донишҷӯи курси якуми ихтисоси физика аз рӯйи барномаи давидан ба масофаи 800 метр сазовори ҷойи якум, давидан ба масофаи 1500 метр ва  давидан дар эстафетаи 4х100 метр – сазовори ду ҷойи дуюм дониста шуд. Севарахон Суярова донишҷӯи ҳамин курс дар барномаҳои ҳаво додани гулӯла ва  путк (молот) низ хеле хуб ҳунарнамоӣ намуда, аз рӯи ҳар ду намуд ҷойи дуюмро ишғол намуд. Ғолибони ин мусобиқаҳо бо дипломҳои дараҷаҳои мувофиқ сарфароз гардиданд.
Дар дастаи волейболбозони вилоят донишҷӯёни курси якуми ихтисоси физика - Сурайёхон Ҷӯраева, Лайло Фозилова  (гурӯҳи 101,г) ва Соҷида Абдуллоева (гурӯҳи 101,в) низ бо як маҳорати баланд ширкат варзида, ҷойи аввалро касб намуданд.Инчунин донишҷӯи курси 3-уми ихтисоси физика-математика Амирҷон Валиев  аз рӯйи намуди дастхобонӣ (армрейслинг) дар вазни 55 кг хеле хуб баромад намуда, сазовори ҷойи 3-ум гардид.
Садорати факултети физикаю техника шогирдони худро бо ин музаффарияташон самимона шодбош гуфта, барои онҳо тансиҳативу хонаободӣ, парвозҳои боз ҳам баландтарро дар ҷодаи илмомӯзиву донишандӯзӣ ва варзиш таманно дорад.
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло