1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ЗАНИ БОМАЪРИФАТ – АСОСИ ПОЙДЕВОРИИ ОИЛА

Дар факултети педагогӣ бахшида  ба Рўзи  оила чорабинии  тарбиявӣ  тахти унвони  «Зани  бомаърифат – асоси  пойдории оила»    баргузор  гардид, ки он дар аудоторияи 513 бо иштироки  донишҷўён  ва   устодон   гузаронида  шуд. Дар чорабинӣ  раиси Шўрои бонувони донишгоҳ З. Раҷабова   иштирок намуд.
Чорабиниро  раиси Шўрои бонувони факултет  сармуаллима  М. Азимова ҳусни оғоз  башида , меҳмононро  хайрамақдам намуд.
Сипас маърўзаи  дотсент М. Ҳакимова оид ба мавзўи  «Зани оқила – асоси пойдории оила» ба самъи донишҷўён  расонида  шуд. Баъд,  номзади  илмхои тиб  А. Очилзода   доири мавзўи  «Никоҳи  хешутаборӣ  ва оқибати  вазнини он» маърўзаи хеле ҷолиб намуда, ба саволҳои  донишҷўён  посухҳои мушаххас  пешниҳод  намуд.
Дар чорабинӣ донишҷўёни  гурўҳҳои мухталиф  шеъру  гуфторҳоро дар васфи  оила, модар, падар, фарзанд  қироат намуда, саҳначаеро  бо номи  «Сабр»  иҷро  намуданд.  
 Дар  ҷамъбасти маҳфил раиси Шўрои  бонувони донишгоҳ  З. Раҷабова  ба сухан баромада  донишҷўёнро  бо Соли ҷавонӣ, фарорасии Рўзи оила  Иди Ваҳдати миллӣ  муборак  намуда, аз ҷавонон  даъват ба амал  овард, ки  ҷавобан  ба ғамхориҳои  Пешвои миллат, Асосгузори  сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  сатҳи донишу маърифати  оиладории  тоҷиконаи худро  баланд  бардошта, барои ояндаи  дурахшони Тоҷикистон  саҳмгузор бошанд.
 Чорабинии тарбиявиро  раиси Шўрои бонувони  факултет  сармуаллима  М.Азимова  ҷамъбаст намуда, донишҷўёну  меҳмононро барои иштирок ва маърўзаҳои баландмазмун  арзи сипос қаноатмандӣ  намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло