1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

БОЗДИДИ ВАЗИРИ ВАРЗИШИ ДОҒИСТОН АЗ ДДХ

Вазири варзиши Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия Муҳаммад Муҳаммадов, ки бо сафари корӣ дар ҳайати намояндагон бо  роҳбари Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия Рамазон Абдулатипов ба вилоят ташриф оварда буданд, аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров боздид ба амал овард.
Вазири варзиши Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия Муҳаммад Муҳаммадовро дар даромадгоҳи бинои таълимии №1 ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷўразода ва устодону донишҷўён истиқбол намуданд.
Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўразода вазири варзиши Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия Муҳаммад Муҳаммадовро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, роҷеъ ба фаъолияти илмию таълимӣ ва тарбиявии донишгоҳ маълумоти мухтасар дод.
Сипас, Муҳаммад Муҳаммадов аз намоиши китоб ва маҳсули эҷоду ҳунари  устодону донишўёни донишгоҳ ошноӣ намуда, ба он баҳои баланд дода, аз ҷумла зикр сохт, ки тоҷикон яке аз халқҳои қадимаи минтақа буда, хушбахтона урфу одат ва анъанаҳои аҷдодони эшон то имрўз пойдор аст. Ман аз таъриху фарҳанги тоҷикон ошноӣ дорам ва ба он арҷ мегузорам.
Вазири варзиши Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия ҳамчунин аз синфхонаи лингофонии факултети забонҳои хориҷӣ дидан намуда, бо донишҷўён сўҳбат кард. Вазир ба забономўзии донишҷўён баҳои баланд дод.
Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўразода чун рамзи эҳтиром китобҳои устодон ва дигар туҳфаҳои хотиравиро ба вазири варзиши Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия Муҳаммад Муҳаммадов тақдим намуд. 
Бо ҳамин боздиди вазири варзиши Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия Муҳаммад Муҳаммадов аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров анҷом пазируфт.
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло