1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

МУЛОҚОТИ РЕКТОР БО УСТОДОНИ ФАКУЛТЕТҲОИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ВА ЗАБОНҲОИ ШАРҚ

Дар бинои таълимии №1-и донишгоҳ мулоқоти ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷўразода бо устодони факултетҳои забонҳои хориҷӣ ва забонҳои шарқ сурат гирифт. Нахуст, декани факултети забонҳои хориҷӣ Меҳринисо  Абдуллоева дар бораи факултети забонҳои хориҷӣ иттилоъ дода, аз ҷумла зикр сохт, ки ҷомеаи меҳнатии факултет дар давоми 60 соли фаъолияти пурсамар аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, кадрҳои баландихтисосро тайёр намуда истодааст. Ҳоло дар факултет 5 кафедра амал мекунад ва сафи устодон беш аз 50 нафарро ташкил медиҳад. Мавсуф ҳамчунин, доир ба фаъолияти таълим, илм, тарбиявию муносибатҳои байналхалқии донишгоҳ, маълумоти муфассал дод.
Ҳамзамон дотсент М. Абдуллоева афзуд, ки  барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷўёни фаъол,  ташкил кардани гурўҳи болаёқат муҳим арзёбӣ намуда, пешниҳод кард, ки дар он омўзиши фанҳои таълимӣ бо забони ангилисӣ ба роҳ монда шавад. Инчунин, барои ташкил кардани такмили ихтисос дар назди факултети забонҳои хориҷӣ ва ихтисоси забони олмониро талаб намуд. 
Ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷўразода зимни таҳлилу баррасии фаъолияти факултет аз садорат ва мудирони кафедраҳо пурсиш ба амал оварда, даъват ба амал овард, ки баҳри ислоҳи камбудиҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод. Роҳбари донишгоҳ пешниҳодоти садорати факултетро хуш пазируфта, барои иҷрои саривақтии он ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Сипас, иҷрокунандаи вазифаи декани факултети забонҳои шарқ, Фирўза Ғиёсова роҷеъ ба фаъолияти имрўзи факултет иттилоъ дода, аз ҷумла қайд кард, ки дар факултет ҳоло 5 кафедра  мавҷуд буда,  дар он 51 нафар устодон  фаъолият мебаранд. Дар факултет 444 нафар донишҷў мебошад.
Ф. Ғиёсова ташкил кардани утоқи забони форсӣ ва арабӣ-форсӣ, китобхонаи электронӣ, ихтисосҳои шарқшинос – муаррих, арабӣ–тоҷикӣ ва инчунин ҷалб намудани мутахассисони хориҷиро ба ихтисоси хитоӣ– англисӣ пешниҳод намуд. 
Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўразода фаъолияти ҳар як кафедраро мавриди таҳлил  ва баррасӣ қарор дода, бо мудирони кафедраҳо ва устодони факултетҳо сўҳбати озод намуд.
Ҷамшед Ҷўразода оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои таълим, илм ва инноватсия, тарбия дастуру супоришоти мушаххас дод. Таъкид гардид, ки ҳар як устод дар роҳи илму маърифат ва пешравии донишгоҳ  саҳми хешро гузоранд. Дар соли таҳсили дар пеш истода омодагии ҷиддӣ бинанд, зеро ки ҷараёни нави таълим аз эшон кўшишу талоши зиёдро талаб менамояд. 
Супориш дода шуд, ки дар ҳар як факултет озмунҳову маҳфилҳои доимоамалкунанда ташкил карда шавад ва дар он устодону донишҷўён фаъолона иштирок намоянд. Ба роҳбарони факултетҳои мазкур супориш дода шуд, ки дар муддати кўтоҳ барои омўзиши забонҳои хориҷӣ «Маркази омўзиши забонҳо» ташкил карда шавад.
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло