1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

РУШДИ ФАРҲАНГИ КИТОБДОРӢ ВА ГАНҶИНАИ ҲИКМАТ.

Бахшида ба рӯзи Илми тоҷик дар китобхонаи марказии донишгоҳ  намоиши китобҳои олимон ва устодони донишгоҳ  баргузор гардид, ки донишҷӯёни соли аввали факултети филологияи тоҷик аз китобҳои олимон ва устодони донишгоҳ дидан намуданд. Дар рафти боздид аз китобҳо донишҷӯён китобҳое, ки ба худ лозим буд ба монанди “Тазкират-уш-шуаро”-и Давлатшоҳи Самарқандӣ, “Луғати Фурс”- и  Асадии Тӯсӣ  ва бисёр дурдонаҳои нодир, ки дар васфи Ватану ватандорӣ руҳияи ҷавононро барои ватандорӣ бедор месохт,  дастрас карданд ва ғизои маънавӣ бардоштанд. 
Соли 2017 аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон  эълон карда шудааст ин гуна чорабиниҳо  пешгирӣ  аз падидаҳои номатлуб терорризму экстрамизм  барои ҷавонон падидаи хубест, зеро китоб маҳзани дониш аст. Дар намоиш китобҳое рӯи миз гузошта шуда буданд, ки инсон бо хондани он завқу илҳоми тозае мегирифт. Бояд гуфт ки фарҳанги китобдорӣ ва китобшиносӣ дубора эҳё гардидааст. Ва ин боиси ифтихори миллии мост. 
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест, 
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест .
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.
 Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ 
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло