1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ФАРЗОНА ВА ОЗАРАХШ ДАР МЕҲМОНИИ ДОНИШҶУЁНИ ХОБГОҲ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   ҷавононро нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа, умуман идомадиҳандаи иқдоми неки калонсолон номида соли 2017-ро СОЛИ ҶАВОНОН эьлон намуданд. Дар ҳамин замина имрӯзҳо дар дар сатҳи донишгоҳ  дар асоси нақшаи шӯьбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ чарабиниҳои гуногун гузаронида шуда истодааст. 
Мувофиқи нақшаи шӯбаи кор бо ҷавонон дар толори хобгоҳи 2 бо иштироки шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона ва шоир Толиб Карими Озарахш барномаи адабиву фарҳангӣ таҳти унвони "Ширу шакар" баргузор гардид. Дар оғоз Нуралӣ Нуров, сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ   чорабиниро оғоз намуда, меҳмононро хайрмақдам гуфт.
Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона ва шоир Озарахш  аз ашъори нави худ барои донишҷуён намунаҳо хонда, эшонро ба дуст доштани Ватан, эҳтиром ба волидон, ишқу муҳаббати самимӣ талқин намуданд.
Ҷавондухтарони хобгоҳ бо роҳбарии мураббияи хобгоҳ Равзанабону Абдукаримова бо як омодагии комил баромад  намуда, бо шеьру суруд ва рақсҳои мавзуни худ ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшиданд. Инчунин, ҳофизони хушсадо, ки ба меҳмонии ин маҳфил омада буданд, ҳунарнамоӣ намуданд. Баргузории чорабинӣ ва вохӯриҳо бо чунин шахсиятҳои ибратомӯз дар ниҳоди ҳар як  ҷавонони имрӯз тухми некӣ мепошад ва онҳоро ба сӯи ояндаи нек раҳнамоӣ менамояд. 
Бояд гуфт, ки дар чорабинӣ раиси кор бо занони донишгоҳ Зулфия  Раҷабова ва мудири шуъбаи ҷавонон Эҳсон Наврӯзов низ иштирок доштанд.
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло