1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ВОХЎРИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО ДОНИШЎЁНИ БИНОИ ТАЪЛИМИИ №2

ар факултетҳои педагогӣ, молия ва иқтисодиёти бозор, забонҳои шарқ ва забонҳои хориҷӣ мулоқоти ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Ҷамшед Ҷўразода бо донишҷўёни факултетҳои номбаршуда баргузор гардид.
Абдулфаттоҳ Раҳимов, муовини ректор оид ба таълим вохўриҳоро ифтитоҳ намуда, ҳадаф аз гузаронидани онро дар таъмини шаффофияти фаъолият, дарёфт ва ҷустуҷўйи роҳҳои ҳалли мушкилоти донишҷўён ва фароҳам овардани шароит барои таҳсил арзёбӣ намуд.
Сипас деканони факултетҳои номбурда доир ба фаъолияти таълимиву илмӣ, тарбиявию муносибатҳои байналмилалии таълимгоҳ маълумоти муфассал доданд.
Донишҷўён ба ректори донишгоҳ доир ба муаммову мушкилоти хеш аз қабили омўзиши бештари фанҳои тахассусӣ,  ҷоннок намудани фаъолияти маркази тестӣ, ҷорӣ намудани навъҳои гуногуни имтиҳонот, ташкили мулоқот ба соҳибкасбон, роҳандозии семинарҳои омўзишӣ, таъмини ҷойи кор, таҷрибаомўзӣ дар хориҷи кишвар, ҷорӣ намудани ихтисосҳои нави ҳамгиро, таъсиси кафедраи ҳарбӣ ва ғайраҳо  муроҷиат намуданд.
Ҷамшед Ҷўразода, ректори донишгоҳ ба саволҳои  донишҷўён  ба таври возеҳу муфассал посух дода, аз ҷумла зикр намуд, ки ояндаи ҷомеаву  маърифати созандагии мардуми Тоҷикистон аз омўзгорон иртиботи зич дорад. Соҳиби тахассуси муайян гардидан ва ба ин васила таъмини рўзгори хеш аз дараҷаи омўзиши савод ва шавқу ҳавас ба донишу илм мебошад. Раёсати донишгоҳ бо назардошти имокниятҳои мавҷуда  ҳамарўза  кўшиш  менамоед, ки барои донишҷўёни шароити  хуби таҳсилро фароҳам оварда, барои тарбия кадрҳои баландихтисос  саҳмгузорӣ  намоем.
Мулоқот бо ҳусни тафоҳум  ва якдигарфаҳмӣ  ба итмом расид.
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло