1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

МУРОДИФОТ ДАР ИСМҲОИ ҶОМЕЪ

Ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳамасола дар моҳи апрел конфронси устодону донишҷўёни донишгоҳ баргузор мегардад. Конфронси имсола ба  бистумин солгарди баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва 85-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида шуда, он дар бахшҳои мухталиф баргузор гардид. 
Аз ҷумла, дар кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии донишгоҳ низ ин конфронс доир гардида, устодони кафедра оид ба мавзўъҳои мухталифи мубрами забоншиносии тоҷик баромад намуданд. Дар барномаи конфронс понздаҳ маърўза пешбинӣ гардида буд, ки аксари онҳо ба самъи ҳозирин расонида шуданд. Зикр намудан ба маврид аст, ки сатҳу савияи конфронси имсола нисбат ба солҳои қаблӣ  боло буда, ҷанбаи илмии маърўзаҳо низ беҳтар буд ва гузоришҳо ба мавзўҳои мушаххас бахшида шуда буданд. Дар конфронс чандин мавзўи ҷолиб ва нисбатан камкорхўрда аз ҷониби устодони кафедра баррасӣ гарида, эшон байни ҳамдигар баҳсу мунозира намуданд. Аз ҷумла «Вожаҳои зоонимӣ дар «Бурҳони қотеъи»-и Муҳаммадҳусайни Бурҳон»  (маърўзаи С.Вайдуллозода), «Вожаҳои ифодакунандаи ҷирмҳои осмонӣ дар «Ҳафтпайкар»-и Низомии Ганҷавӣ» (маърўзаи Д.Бобоҷонова), «Ташаккули калимасозӣ бо таъсири калимаҳои ёридиҳандаи арабӣ»  (маърўзаи Б.Алиева) ва «Муродифот дар исмҳои ҷомеъ» (маърўзаи М.Ёрмирзоева) аз ҷумлаи гузоришҳои беҳтарин шумурда шуданд. Дар поёни конфронс устодони собиқадори кафедра маърўзаҳоро муҳокима намуда, дар миёни онҳо маърўзаи муаллимаи кафедра Мунзифа Ёрмирзоева сазовори ҷойи аввал дониста шуд. 
                                        Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ  
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло