1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ВОХЎРИИ ДОНИШҶЎЁН БО РАИСИ НОҲИЯИ АШТ ЗАРИФ МИРДАДО

Дар театри  Камоли Хуҷандии  маркази вилоят вохўрии  раиси  ноҳияи  Ашт Зариф Мирдадо бо донишҷўёни макотиби оливу коллеҷҳо баргузор гардид. Дар вохўрӣ  73 нафар донишҷўёни  нохияи  Ашт  иштирок  намуда, аз вазъи  имрўзаи  иқтисодӣ, иҷтимоиву  фарҳангии ноҳия  бохабар гардиданд.
Зариф  Мирдадо қайд кард, ки  шумораи умумии  донишҷўёни  ноҳияи Ашт дар маҷмўъ  4243  нафар  ташкил мекунанд, ки  зиёда аз 3112 нафари онҳо  дар шахри Хуҷанд  таҳсили  илм  доранд. Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия  ҳамарўза  кўшиш  ба харҷ дода  истодааст, ки  нисбати ин қишри ҷомеа ғамхорӣ зоҳир намуда,барои  баланд бардоштани  сатҳи зиндагӣ шароити  мусоид  фароҳам орад.  Айни ҳол  101  ҷойҳои  кории холӣ  интизори кадрҳои баландихтисосу  ҷавон  мебошад.
Дар охири  вохўрӣ  байни раис  ва донишҷўён  саволу ҷавоб гузориш ёфта, донишҷўён   ба саволи хеш ҷавобҳои мушаххасу асоснок  гирифтанд.
Аз факултети  педагогии донишгоҳ  барои ду нафар:  А.Каримова    Н.Абдуваҳҳобова  кўмаки  пулӣ  тақдим гардид. 
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло