1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ҲИЛОЛИ АҲМАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ПЕДАГОГӢ

Дар факултети  педагогӣ  вохўрии   донишҷўёну  устодон  бо кормандони ташкилоти Ҳилоли  Аҳмари вилояти Суғд  баргузор  гардид.  Дар вохўрӣ  котиби иҷроияи  шаҳри Хуҷанд  дар ҷамъияти  Ҳилоли Аҳмари вилояти  Суғд  М.Неъматова , ҳамоҳангсозӣ  барномаҳои  ташкилот Р.Камолова, М. Ғозиева, С. Раҷабова, сармутахассиси шўъбаи тарбияи донишгоҳ  М. Ўлмасов, декани  факултет  С.Рабиев   иштирок  ва суханронӣ  намуданд.
Вохўриро  декани факултет дотсент С.Рабиев ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро  хайрамақдам  ва ба донишҷўён  муаррифӣ намуд.
Сипас, ҳамоҳангсози барномаҳои ташкилоти  Ҳилоли Аҳмар   Р.Камолова  баромад намуда, оид ба таърихи таъсисёбӣ  (90 –солагии  таъсисёбии ташкилоти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон), кору  фаъолият, кормандону  собиқадорон, мақсаду  мароми  ташкилот  маълумоти муфассалро  пешниҳоди  донишҷўён  намуд.
Котиби    иҷроияи  шаҳри Хуҷанд  дар ҷамъияти  Ҳилоли Аҳмари вилояти  Суғд  М.Неъматова  низ ба сухан баромада, оид ба фаъолияти  имрўзаи ин ташкилот  ҳарф зад ва аз донишҷўён  даъват ба амал овард, ки  барои  кўмак  ба  мўҳтоҷону дармондагон  харидорӣ  намудани   нишонаи  ташкилот  (марка)  дастгирӣ  намоянд.
Дар охир байни меҳмонону  донишҷўён  сўхбату озоду  самимӣ  баргузор  гардида, ба саволҳо  посухҳои  мушаххас пешниҳод  гардид.
Вохўриро  сармутахассиси  шўъбаи тарбияи   донишгоҳ  М.Ўлмасов ҷамъбаст  намуда, аз номи раёсати донишгоҳ  барои  чунин як  сўҳбату муфиду  самимӣ  изҳори  сипос  намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло