1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

МУЛОҚОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО ДОНИШҶУЁНИ БИНОИ ТАЪЛИМИИ №1

Тибқи нақшаи корӣ шуруъ аз 17 апрели соли равон силсилаи мулоқотҳои ректори ДДХ  ба номи академик Б. Ғафуров, профессор Ҷамшед Ҷӯразода бо донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ оғоз ёфт. Рӯзи аввал ректори донишгоҳ  бо донишҷӯёни факултетҳои санъати тасвирӣ ва технология, математика, физикаю техника, биология ва химия, телекомуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ вохурии судманд анҷом дод.
Дар ҷараёни нишастҳо зикр гардид, ки чунин мулоқотҳо имкон медиҳад бо вазъи мутахассистайёркунӣ дар факултетҳо, ташкили раванди таълиму тадрис, пешбурди корҳои илмиву методӣ, таҳқиқотӣ, фарогирии донишҷӯён бо чорабиниҳои фарҳангиву тарбиявӣ аз наздик шинос шуда, бо онҳо ба таври ошкоро, озод сӯҳбат ороста, барои ҳалли муаммоҳои ҷойдошта, амалишавии таклифу дархостҳои муфиди донишҷӯён шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Ҷамшед Ҷӯразода, ректори донишгоҳ ба саволҳои донишҷуён посухҳои амиқ дода, эшонро барои ҳарчи бештар омухтани илмҳои бунёдӣ ва муайян намудани ояндаи наздики хеш ҳидоятҳо намуд. Таъкид гардид, ки раёсати донишгоҳ ҷиҳати ҳалли мушкилоти пешомада мусоидати фаъол хоҳад намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло