1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ИСТИФОДАИ АDOBE РHOTOSHOP

Бахшида ба ҷашнҳои 85 солагии ДДХ ба номи академик  Б.Ғафуров, 20 солагии Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон дар кафедраи умумидонишгоҳии информатикаи  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик  Б.Ғафуров  конфронси илмӣ-анъанавии устодон, олимони ҷавон ва магистрантону донишҷўён баргузор гардид. Ҷаласаи ифтитоҳии  конфронсро мудири кафедраи умумидонишгоҳии информатика дотсент Аҳмедов Ҳ.М. оғоз карда, ба кори конфронс мувафаққиятҳои илмию эҷодӣ таманно намуд. 
Дар конференсия ҳайати омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии информатика ва донишҷӯёни факултаҳои математика, таърих, педагогӣ, филологияи рус, молия ва иқтисодиёти бозор, химия ва биология, инчунин намоянда аз раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Ромиз Абдуллоев ва дигарон иштирок намуданд. Мувофиқи барномаи конфронс 12 маърӯзаҳо ироа гардид. Аз 12 маърӯзаҳои шунида шуда ҷаласаи бахш қарор намуд,ки маърӯзаи беҳтарин, маърӯзаи донишҷӯи куси 1-уми факултети таърих ва ҳуқуқ гурӯҳи 102 Ҳасанов Ғиёсбек, ки роҳбари илмиаш сармуаллима Аҳмадбекова М. мебошанд, дар  мавъзўи «Истифодаи Аdobe Рhotoshop»  ҳисобида шуд. 
 Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло