1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

РОЗДОРИ ОЛАМИ КАЙҲОН

Дар хобгоҳи №3 донишҷӯёни гурӯҳи  102 ва 202-и ихтисоси физика- математикаи факултети физикаю техника бахшида ба Рӯзи кайҳоннавардон  чорабинии илмию фарҳангӣ таҳти унвони “Роздори олами кайҳон” баргузор намуданд. 
Дар чорабинӣ  ноибдекани факултет оид ба таълим, номзади илмҳои физика – математика А. Ҳоҷибоев, мудири кафедраи ФН ва МТФ сармуаллима Л. Тошхоҷаева, профессори кафедраи ФН ва МТФ Ҷ. Латипов, куратори гурӯҳи 301б Н. Умаров  иштирок намуданд.
Доир ба мавзӯҳои “Марҳилаҳои фатҳи кайҳон”, “Парвози Юрий Гагарин – саҳифаи нави таърих дар кайҳон ”,“Техникаи муосир барои фатҳи коинот“ ,аз ҷониби донишҷӯён бо истифода аз воситаҳои муосири таълимӣ баромадҳо ироа гардиданд.
Ҳмзамон донишҷӯён дар васфи коинот, Ватан, модар ва ҷавонӣ шеърҳо қироат намуданд. Баҳри болидахотирии иштирокчиён якчанд саҳначаҳои ҳаҷвӣ пешниҳод гардид. 
Муродҷон Ҷумъаев  бо суруди “Тоҷикистон” ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.   
Маркази иттилоот  ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло