1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

“ГАНҶИ СУХАН” ДАР ПОЯИ МУҶАССАМАИ САЙФИ ИСФАРАНГӢ

Дирӯз нишасти   150-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, дар дар ин макони сабзу хуррам ва обод дар пояи муҷассамаи шоири тавонои тоҷик  Сайфуддини Исфарангӣ бо иштироки бештар аз 300 нафар мухлисони адабу фарҳанг баргузор  гардид.
 Аз маркази вилоят гурӯҳи калони олимону адибон ба  ин шаҳри бостонӣ ташриф оварда, мулоқоти судмандеро бо қаламкашони шаҳри Исфара баргузор карданд. Ин навбат маҳфил ба эҷодиёти Сайфи Исфарангӣ, Рӯзи илм ва Рӯзи мавлуди сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ бахшида шуд, ки муҳаққиқону адибон дар назди ҳозирин перомуни ин мавзӯъот суханронӣ карданд. Нахуст роҳбари маҳфил номзади илмҳои филология Саидумрон Саидов  баромад карда, гуфт,ки  нишасти 150-умини  маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” , ки дар ин гӯшаи обод дар ҳузури мардуми адабпарвари шаҳри Исфара баргузор мегардад фоли нек буда, ифодагари амалӣ намудани дастуру супоришоти Пешвои миллат оид ба рушди адабиёту илм дар кишвар ва дарёфти ҷавонони соҳибқаламу боистеъдод мебошад. Сипас таҳти мавзӯи “ Шарофати қудуми Пешвои миллат ва рушди фарҳангу адабиёт дар Исфара”  раиси шаҳри Исфара Дилшод Расулзода   баромад намуда, аҳли адабро ба ин диёри бостонӣ хайрамақдам гуфт. Ӯ зикр кард, ки Пешвои миллат эҳтиром ба гузаштагони номвар чун Сайфи Исфарангиро , ин эҳтиром ба таърих, ба тамаддун ва ба миллат медонанд ва баргузории ин гуна маҳфилу ҷамъомадҳо   раванди худшиносии миллӣ ва худогоҳии таърихиро дар ниҳоди мардум махсусан ҷавонон  тақвият мебахшад ва ваҳдату ягонагиро мустаҳкам месозад. Мудири шӯъбаи масоили иҷтимоиёт ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода дар мавзӯъи “Адабиёт ва фарҳанг  қосиди сулҳу саодати мардум” суханронӣ кард ва аз номи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аъзоёни маҳфилро бо нишасти 150-умин муборакбод намуд. Ӯ гуфт, ки  имрӯз  маҳфили “Ганҷи сухан” дар байни мардум  маъруфияти хос дорад ва дар пешрафти илму адаб ва фарҳанг нақши арзандаро молик аст. Махсусан баргузории он дар шаҳру ноҳияҳо вилоят имкон медиҳад то робитаи аҳли илму адаб бо суханварону суханшиносони маркази вилоят вусъат ёбад. Номзади илмҳои филология, адабиётшинос  Субҳон Аъзамзод оид ба девони тозанашри Сайфи Исфарангӣ , ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд интишор гардидааст сухан карда, ба ҳозирин  намунаҳои осори шоирро шарҳу тавзеҳ дод.Чопи девон ва дастрасии он ба мардум имкон фароҳам овард то имрӯзиён бо осори они шоири тавоно аз наздик ошно гарданд.
 Дар маҳфил  бахшида  ба Рӯзи Айнӣ  Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод суханронӣ намуда, хотираҳои хешро аз вохӯрӣ бо устод Айнӣ нақл кард, ки ниҳоят ҷолиб буд. Махсусан  ҷавононро  нақлҳои ибратбахш  оид ба муносибати Устод Айнӣ ба китоб,  барои хондани китоб , ки сарчашмаи маънавият аст талқин намуд. Сипас муаррихи номвар Усмонҷон Ғаффоров дар такя ба маводҳои бойгонии худ аз рӯзгори сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ воқеаҳои ҷолибу таърихиро баён кард. Ҳини сӯҳбат муаррихи  пешниҳод намуданд, ки вобаста ба санади таърихӣ устод Айнӣ  ба Исфара омадаанд ва гузоштани як нипайкараи нависанда дар ин макон айни матлаб хоҳад буд.
Дар идома дар мавзӯи  “Таҳаввулоти фарҳанги мусиқии Исфара”номзади илмҳои таърих, дотсент Раҳимҷон Аминҷонов маърӯза кард. Боиси зикр аст, ки  хунёгарони машҳури Исфара дар рушди санъати мусиқии классикии тоҷик аз ҷумла “Шашмақом “ хидмати арзандаро адо кардаанд ва маърӯзаи муаллиф баёнгари ин матлаб буд..  Шоир ва фарҳангнигори тоҷик Абдуҷаббори Суруш ва суханварони Исфара  Нарзуллои Азизиён,  Набиюлло Суннатӣ,  Акмалхўља аз ашъори тозаи хеш шеърҳо хонданд.
Нависанда, рӯзноманигори маъруфи тоҷик  Додохони Эгамзод ҳамчун мизбон ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва пешниҳоди муаррих Усмонҷон Ғаффоров оид ба гузоштани нимпайкара ба  Қаҳрамони Тоҷикистон  Садриддин Айнӣ ва хоҳиши масъули маҳфил  Саидумрон Саидов оид ба дар як рӯзи муаййан соле як маротиба дар пояи муҷассамаи шоири тавонои асри 13 Сайфи Исфарангӣ баргузор намудани “Хониши шеъри Сайф”- ро қобили қабул донист ва аз   мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар иҷрои ин пешниҳодҳо хоҳиш ба амал овард. Порча аз спектакли  “Сайфи Исфарангӣ” дар иҷрои ҳунарпешагони Театри халқии Исфара ва монтажи адабии хонандагони мактабҳои Исфара, дар асоси ашъори ноби Сайфи Исфарангӣ, суруду оҳангҳои дилангези сарояндагони шӯъбаи фарҳанг ва мақомсароёни шаҳри Исфара бо роҳбарии Исроил Файзиддинов ба маҳфил шукӯҳи дигар ато кард.
                                                 Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
                                                                          
                                                                          
                               
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло