1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ҲОЛАТҲОИ РАДИОЭКОЛОГИИ БИОСФЕРАИ СОҲИЛИ РОСТИ ШАҲРИ ХУҶАНД

Дар аудиторияи 430-и факултети физикаю техника ҷамъбасти конференсияи илмӣ-амалии донишҷӯён бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ, 85-солагии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Соли ҷавонон ва Рўзи илми тоҷик баргузор гардид. 
Конференсияро бо сухани ифтитоҳи декани факултет Р.Назаров кушода роҷеъ ба муҳимияти корҳои тадқиқотии бунёдӣ дар физика ва электроника нақши илм дар пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷумла пешрафти иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳарф зад. Зикр намуд, ки иштирок дар корҳои илмӣ ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки ба муаммоҳои илми муосир, бо методҳои тадқиқот шинос шаванд ва қадамҳои аввалини худро дар роҳи душвор вале пурбори илм ниҳанд. 
Пас аз он донишҷӯёни дар бахшҳои кафедраҳои баргузоршуда, ки сазовори ҷойи аввал гашта буданд, бо навбат бо маърўзаҳои худ баромад намуданд. Мақоми маърўзаҳо ба тариқи зайл муқаррар карда шуд: Ҷойи якум- Ашўров Ҳ.- донишҷўи курси 3-юми ихтисоси Электроникаи тиббӣ таҳти мавзўъи “Таҳлили МРТ”; Ҷойи дуюм- Умаров Б.- донишҷўи курси 4-уми ихтисоси физика бо маърўзаи худ “Ҳолатҳои радиоэкологии биосфераи (ҳаво, об) соҳили рости шаҳри Хуҷанд”; Ҷойи сеюм- Боқиева Д.- донишҷўи курси 4-уми ихтисоси физика бо маърўзаи худ “Назарияи молекулавӣ-кинетикии газҳои реалӣ”.
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло