1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РЕКТОРИ ДДХ БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ ҶЎРАЗОДА ҶАМШЕД ҲАБИБУЛЛО БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ НАВРЎЗ

                        Устодон ва донишҷўёни арҷманд! 
Ҳамаи Шумоёнро бо оғози эҳёи табиат, айёми эътидоли баҳорӣ ва  рӯзи фарорасии соли нав аз самими қалб табрику таҳният гуфта, бароятон хушрўзӣ, сиҳатмандӣ, сарбаландӣ ва саодати наврўзиро орзумандам.
Наврӯз падидаест, ки ҷаҳони маъниро дар худ нуҳуфта ва розҳои фалсафии он ковишу таҳқиқоти ҷомеъ ва амиқро тақозо доранд.Ҷавҳар ва ҳикмати Наврӯз ифодагари ормонҳои муқаддас ва неки миллӣ, аз қабили эҳсоси гарми муҳаббат ба марзу буми аҷдодӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватанпарастии мардуми мо мебошад. Ин иди сари сол аз сароғози рўзгори нав, аз зинда шудани ҳама олами наботӣ мужда медиҳад ва онро ҳама хосу ом дўст доранд.  
Бо ибтикороти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мақому эътибори ҷашни Наврўз дар замони Истиқлолият то сатҳи байналмилал боло бурда шуд, ки ин ифтихори миллат аст. 
Имрӯз дар ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон ин суннати деринаи аҷдодонамонро мардуми кишвар ба таври васеъ ҷашн мегиранд. Аз рӯи анъанаи дерин дар остонаи иди мубораку фархундаи Наврӯз ҳар як фард ботини худро аз кинаву кудурат пок карда, манзилу хонаи зист, сару либос ва тамоми ашёи рӯзгорашонро тозаю ороста менамоянд. Тибқи таомули қадима хонаҳоро сафед мекунанд, то бахти сафед ҳамеша ёрашон бошад; дастархон меороянд, то файзу баракат аз хонадонашон канда нашавад; гул мегардонанд, то гули бахташон шукуфон бимонад; об мепошанд, то ҳама сол сероб гардад; донаи умед мекоранд, то файзи хирману баракати ҳосил дучанд афзояд.
Муҳимтар аз ҳама дар остонаи иди Наврӯз бо меҳру шафқат ба якдигар оғӯш мекушоянд, беморону ранҷурон ва пирони барнодилро зиёрат менамоянд, ба ятимону бепарасторон кӯмак мерасонанд ва амалҳои неку писандидаро вазифаи муқаддас ва қарзи инсонии хеш мешуморанд.
Дар маҷмӯъ Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои соли нав, қосиди баҳор, мабдаи ҳаёт, эҳёи табиат ва иқдому амалҳои нави ободонию тозакориҳо мебошад.
Воқеан ҳам  Наврўз бояд ба иди ҳамбастагӣ, ҳамдилӣ, ҳамфикрӣ, ҳамраъйӣ  мубаддал гардад. 
Соли ҷорӣ барои аҳли ҷомеаи донишгоҳ соли таърихӣ аст, зеро мо аз 85 солагии таъсиси ин боргоҳи нуру ирфон таҷлил хоҳем кард. Бояд тарбияи мутахасисони варзидаи ҷавобгу ба талаботи замони муосир, идома бахшидан ба корҳои бунёдкорӣ, ободу хуррам намудани биноҳои таълимӣ, тақвият ба корҳои таълиму тарбия ва илму ирфон ба маҳаки асосии фаъолияти  ҳар як устоди донишгоҳ мубаддал гардад.
Умед мебандам, ки дар оғози ин соли накў бо азму ғайрати қавӣ ва дастовардҳои беназир ин ҷашни бошукўҳро истиқбол хоҳем кард.
 
Саромади соли нав муборак бошад!       
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло