1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ТАРОНАИ ДИЛ

Наврўзу  омади гул бар бўстон муборак,
Ҳам чаҳ-чаҳони булбул бар дўстон муборак.
Наврўз...Бо талаффуз намудани ин калима дар ду хати лабҳоям ханда ҳувайдо мегардад, зеро тамоми ҳиссиёт ба фараҳ дода мешавад. Охир, ман ин рўзро интизорӣ мекашидам, мехостам офтоби боҳимматро бубинам, ки бо ханда ба рўям нурпошӣ намояд ва бигўяд:
-Салом, эй моҳпайкари соддаи ман. Ман омадам, то туро аз ғарқи хаёли ботин берун оварам ва ба ту гармӣ бахшам...
Он нурҳои зарҳалини сафедтоб дубора ба ман нерўи зистан мебахшанд. 
Мехоҳам ошиқи содадилро бубинам, ки мехоҳад дар  Наврўз ба ёраш ягон сухани ширине гуфта бошад, аммо вақте ки ўро бубинад, ҳама гуфтаниҳо барбод раванд ва баъд аз он хешро сахт мазаммат кунад. Аслан, ин аст маънии ошиқ будан.
Парасту, ки рамзи баҳор аст, мехостам тезтар омада,  дар сақфи хона  лона гузорад аз омадани ту бо меҳр бароям муждагонӣ диҳад. Пайғоми шодӣ, пайғоми ишқу умед ва гармӣ. 
Наврўзи ман, биё, ки бо омаданат ба ҳамагон гарию сурур бахшӣ, биё, ки гулдухтаре мехоҳад либоси наврўзӣ ба бар намояд, бо нигоҳи гарму самимӣ ва хандаи соддааш ба истиқболи ту шитобад. Дар қалбаш шўру  шарарҳо туғён мекунанд ва худро ғарқи хаёлоти зебоӣ тасвир менамояд. Он рухсораи нилуфаргуне, ки дар зери бахмалчок монда буд, оҳиста-оҳиста пардаро аз рўи худ мекашад ва дар нурҳои офтобӣ тобиши дигаре ба худ касб мекунад ва ба чашмони дилдодааш шармгинона назар меафканад, назарҳо бо меҳр ба ҳам  нигоҳ меандозанд, ки дар ҳамин вақт шамоли фораме мевазаду рўймоли гулгуну чашмони зеборо панаҳ менамояд. Наврўз, дидӣ, ту чӣ гуна ба инсонҳо меҳру навозиш мебахшӣ? Ба парандаҳо ҷўридану суруд хондан, ба гулҳо нашуънамо кардан, ба пирмарде, ки риши сафедаш то манаҳ асту асочўб дар даст дорад, қувва бахшидану деҳқонӣ намудан, ба кўдакон бозидану хандидан ва ба ман илҳоми эҷод мебахшӣ. Наврўз ном гирифтани ту беҳуда нест, охир ҳама дар ин рўз ба зиндагӣ бо диди нав назар меандозанд, гўё нав ба ҳаёт қадам монда бошанд. Тарзи зиндагониашонро дигар мегунанд. Дар ҳамаи ҷабҳаҳои  кор навгонӣ ба назар мерасад. Дилҳо низ дар ин рўзҳо занги ҷигарранги худро гўё бо оби Кавсар мешўянд, то ҷилояш аз дуриҳои дур маълум гардад. Барои ҳамин ҳам ман туро ҳар сол бесаброна интизорӣ мекашам, то занги ҳама дилҳо шуста шавад.  Ва дар дунё танҳо ҳисси дўстдорӣ боқӣ монад. 
Бар мо биёяд, Наврўзи олам,
Хушбахт гардад, фарзанди одам.
Ҳамал дарояд, хушнуд ояд,
Дар дашту саҳро лола физояд.
Зи нав табиат мешавад эҳё,
Кушода гардад уқдаи дилҳо.
Чӣ қадр нозад аз ин булбулак,
Чӣ хуш сарояд дар шохи гулак.
Идона табрик гўем шуморо
Қабул созед табрики моро.
Борҳо модаркалонам мегуфтанд, ки агар наврўзро кас бо чеҳраи кушоду дили соф ва бо табъи ороставу пероста пешвоз гирад, тамоми сол хурсандӣ насибаш мегардад. Аз ин рў, бо омад-омади Наврўзи нозанин ҳама серкор мегарданд: гурўҳ-гурўҳ духтарон дар рўи ҳавлӣ, дар партави офтобаки хандонрў ҳама ҷойро рўбу чин ва тоза мекунанд, писарон ба нарм кардани заминҳо, ниҳолшинониву сафед кардани дарахтон машғул мешаванд. Бибиҳои меҳнатдўсти мо дар дег суманак меҷўшонанд, ки яке аз рамзҳои иди Наврўз ин пухтани суманак мебошад. Бале, воқеан он яке аз рамзҳои қадимаи аҷдодӣ буда, аз ниёгон ба мо мерос мондааст.
Дарахтон низ майли шукуфтан мекунанд. Ҳама ҷо ҷомаи сабзранг ба бар мекунад. 
Наврўз бо қадамҳои ту ҳама ҷо шукуфон мегардад, дар дил меҳри тозае нисбати зиндагӣ рўшан мешавад. Наврўз! Бо омад-омади ту дили бачагон ба ҷўш меояд, мурғони хушилҳон ба чаҳ-чаҳзанӣ оғоз мекунанд, дар маҳалҳо ҳар гуна бозиҳои наврўзӣ гузаронида мешавад, ки он дар дилҳо нақши абадӣ мегузорад. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки дар ин рўз шабу рўз баробар мешавад ва дилҳо ба ҷўш омада гўё суруди шўх месароянд.
Чӣ хуш аст, ки ба ташаббуси Сарвари олампаноҳу фарҳангпарвари мо мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврўз ҷаҳонӣ шуд. Эй, Наврузи оламафрўз, мо аз омади ту ба дўстонамон мужда мерасонем ва ба пешвози ту якҷоя тайёрӣ мебинем ва ҳамдигарро муборакбод мегўем. Наврўзи меҳрофарин, гул барин, моҳлиқо, хушсимо, нексиришт, нармосо, анбарин, гулсимо, лоларанг, оламафрўз,  хуш омадӣ, ба сарзамини мо!
Наврўзи навбаҳорон,
Борида резаборон.
Лолаву сунбул дамид,
Ба чор тарафи бўстон.
Гулдухтарони тоҷик,
Дар рақсу бозӣ бошанд.
Аз фараҳи наврузӣ,
Аз бахт розӣ бошанд.  

                                                                                                                         Воҳидова Мутриба
                                                                                                  донишҷўи соли савуми факултети
                                                        филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло