1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

АРМУҒОНИ НАВРӮЗӢ

Нури ширгарми офтоб ба сабзаҳои лаби ҷӯй, ки бо шукронаи фарорасии ҷашни Наврӯз гесувонашонро ба оби равон ҷилва медоданд, қувваю нерӯ ва ҷилои аҳуроӣ медод. Шилдироси ҷӯйбор, нағмаю сало ва рақси дилбаронаи парастуву гунҷишкакон чашмҳою гӯшҳоро навозиш мекарданд ва ба қалбҳои аз хоби зимистон бедоршуда ҷарақаи умеди сабз мебахшиданд. Аз дур қатори сафедорҳое намудор мешуданд, ки сар ба осмон майл карда буданд. Ногоҳ шаббодаи баҳорӣ бо панҷаҳои нармаш баргҳои шӯхи сафедорро ба ҷунбиш оварду  онҳо гӯё бо навои хосе таронаи саодат суруданд. Тамоми дарахтон аз гулҳои испед гӯё қабои наврӯзӣ ба бар намуда, мисоли арӯсон ороиш ёфта буданд.
Дар чунин рӯзҳои неки баҳорӣ Наргис ва Мукаррами кокулдароз, ки ҳардуяшон дар синфи панҷум таҳсил мекарданд, аз мактаб меомаданд. Онҳо дар  хусуси дарсҳои имрӯзаашон баҳсу мунозира мекарданд. Вақте ки ба чорроҳа наздик шуданд, бо ҳам хайрухуш намуданд, зеро масири хонаашон фарқ мекард. Ҳини хайрухуш онҳо маслиҳат карданд, ки пагоҳ аввал ба кӯҳ барои чидани лола мераванд ва сипас ба идгоҳ  ҳозир мешаванд, то ҷашни Наврӯзро бо фараҳмандиву хушҳолӣ таҷлил намоянд. Ҳамин тавр ҳар яке ба хонаи  хеш равон шуд.
Ассалому алайкум, - гӯён Наргис ба хона  даромад. Дар ин вақт модараш дар  танӯр нони ширмол мепухт. Модаркалонаш бошад дар хонаи алоҳида гилем мебофт. Падар ба нарм кардани замин машғул буд. Падару модар ва модаркалонаш ба саломи ӯ алайк гирифтад. Падар аз рафти дарсҳо пурсон шуд. Наргис хушҳолона ҷавоб дод:
-Падарҷон, дарсҳоям хуб гузаштанд. Аз фанни забони модарӣ ва математика баҳои аъло гирифтам. Муаллимаамон гуфтанд, ки агар хонишамро дар чунин сатҳ давом диҳам, ба мактаби олӣ дохил гашта олиму донишманд мегардам.
Офарин, офарин, Худо хоҳад Наргисҷонам дар оянда инсони бообрӯ мегардад, – бо ифтихору хушнудӣ гуфт модаркалонаш. 
Пас аз чанде модар як сабад нони ширмоли сурхранги хушбӯи тоҷикона овард, ки нав аз танӯр канда буду накҳати хушояндаш машомҳоро муаттар мекард.
Баъди тановули  хӯроки нисфирӯзӣ модар ба Наргис гуфт:
-Наргис, ҳамроҳи дугонаат аз  поёни деҳа ҳулбӯю шибит чида оред. Санбӯсаи алафӣ мекунем. Зеро фардо ҷашни Наврӯз аст. Мо бояд бо ҳар гуна анвои хӯрокҳои баҳорӣ хони наврӯзиро ороиш диҳем. 
Модарат дуруст мегӯяд, - гуфт модаркалон. Наврӯз, яъне соли нави шамсиро чӣ гуна шоиставу перостаю ороста  пешвоз бигирӣ, давоми сол низ рӯзгорат чунин мегузарад.
Ин тавр бошад албатта чида меорам, -бо хурсандӣ иброз кард Наргис. Ва камзӯлчаашро пӯшида ба суроғи Мукаррам рафт. Мукаррам баъди аз модараш иҷозат гирифтан бо Наргис ба роҳ баромад. Онҳо дасти ҳамдигарро гирифта, хушҳолона зери лаб ин сурудро замзама мекарданд:
Ҳар ҳулбӯи лаби ҷӯй,
Бӯи аҷиб дорад.
Агар барӣ ба машом,
Бӯяш ба кас мефорад.
Модарам доим ба ман,
Мегӯяд, ки рафта чин,
Ман мепазам самбӯса
Хӯру маззаашро бин.
Онҳо бо чунин табъи неки  баҳорӣ рафта истода буданд, ки дар роҳ холаи Салимаро диданд. Ин пиразани солори рӯзгордида ду халтаи вазнинро гирифта ягон- ягон роҳ мерафт. Инро дида ба зеҳни Наргис нақлҳою гуфтаҳои модаркалонаш расид, ки гуфта буд: “Наврӯз ҷашни некиву саховат аст. Бояд ба ниёзмандон ёрӣ расонид. Зеро амали хайр низ яке аз рукнҳои асосии Наврӯз мебошад.”
Наргис аз Мукаррам хоҳиш кард ва ҳар ду ба назди холаи Салима рафтанд.
-Ассалом, холаҷон, -якбора гуфтанд онҳо.
-Асалом, наберагонам. Фарорасии ҷашни Наврӯз  бароятон хуҷастаю фархунда бод.
-Барои шумо низ муборак бошад, холаҷон. Биёед мо ба шумо ёрӣ мерасонем, -гуфт Наргис ва ҳамроҳи Мукаррам халтаҳоро аз дасти холаи Салима гирифт ва ҳар се ба роҳ баромаданд.
Аз ин рафтори хайрхоҳонаву оқилонаи духтарон холаи Салима бисёр хушҳол гашт. Наргис, ки духтари кунҷкоб буду ҳама чизро фаҳмидан мехост пас аз чанде аз холаи Салима пурсид:
Холаҷон, дирӯз дар хонаи ҳамсояамон суманак пухтанд. Тамоми  занону духтарон ба гирди деги суманак ҷамъ омада, сурудхонӣ намуданд. Ва ҳар як бо навбат  дегро мекофт. Пиразани сабзинаранге, ки чашмони камнураш аз ҳаёти бобаракоташ дарак медоданд, ба деги суманак якчанд сангча партофт. Ин бароям хеле аҷиб намуд. Холаҷон, барои чӣ ба деги суманак сангча мепартоянд?
Аз ин суоли Наргис холаи Салима ба завқ омада гуфт:
-Наберагони нозанинам, халқи тоҷик аз қадим анъана ва урфу  одатҳои худро дорад. Ҳар сол бо баробари фаро расидани баҳор одамон  суманак мепазанд, ки ин оши нав пайғомовари фасли зебои сол- баҳор ва ҷашни Наврӯз аст. Одамон бо умеди амалӣ гардидани орзуву ниятҳояшон  ба деги суманак сангча мепартоянд ва ҳар кас бо ниятҳои нек деги суманакро мекобад ва орзуи хешро баён мекунад, то ниятҳояш бо хости Парвардгор амалӣ гардад.
-Холаҷон, холаҷон,- гуфт Мукаррам, барои чӣ ин хӯрокро суманак мегӯянд? Худи калимаи суманак чӣ маънӣ дорад?
Холаи Салима як  табассуми малеҳ карду  сипас афзуд:
Аслан, ин хӯраки баҳорӣ  дар ҳама деҳот бо номҳои гуногун зикр мешавад. Баъзеҳо “суманак”, баъзеҳо “сумалак” ва бархе “сималак” мегӯянд, ки ин гунанокӣ дар натиҷаи тағйироти таркиби овозии калима ба вуҷуд омадааст. Тарзи дурусти он “сималак” мебошад. Биёед аз таърихи он бароятон нақл кунам:
Дар як замон  марди аёлманде буд, ки хеле фақирона зиндагӣ
мекард. Барои хӯрдан таом, ҳатто нони хушке ҳам надошт. Рӯзе
фарзандонаш аз гуруснагӣ гиряву нола мекунанд. Мард ба ҷониби
Худованд дасти дуо бардошта илтиҷо мекунад, ки ризқи фарзандонашро
бидиҳад. Аз осмон нидо меояд, ки як деги калонро гузошта ба дохили он
чанд санг партоед ва то саҳар онро кобед. Ҳамсари он мард ин амалро иҷро
мекунад. Баъдан аз осмон сӣ малак фуруд омада гирди дег чарх мезананд.
Зан бошад то саҳар дегро мекобад. Саҳаргоҳон мебинад, ки як хӯроки
болаззате омода гаштааст. Ҳамагон дар ҳайрат меафтанд. Мард  ҳамсояҳоро
даъват намуда онҳоро меҳмондорӣ мекунад. Ҳарчанд ба тамоми мардуми
деҳа тақсим мекунанд, вале хӯроки дег кам намешавад. Аз ҳамин сабаб
имрӯзҳо низ ин таомро одамон дар дегҳои калон омода сохта ба хешону
ҳамсоягон тақсим мекунанд. Ва калимаи сималак ҳам аз ҳамин сӣ малак,яъне
сӣ фариштаи фурудомада гирифта шудааст.
Баъди шунидани ин нақл онҳоро рӯҳияи наҷибе фаро мегирад. Зеро ин духтарон  шунидани ҳар гуна ҳикояҳоро дӯст медоштанд.  Наргис, ки бисёртар дар бораи ин ҷашн маълумот гирифтан мехост, аз холаи Салима пурсид:
-Холаҷон, дар бораи фазилат ва анъанаҳои ҷашни Наврӯз нақл кунед. Оё дар ҷашни Наврӯз низ одамон ба якдигар тӯҳфа медиҳанд?
Холаи Салима гуфт:
-Бале, духтарҷон, одамон дар ҷашни Наврӯз  бо самимияту саодати беандоза ба якдигар тӯҳфа медиҳанд. Ин анъана аз қадим мавҷуд буд. Ва дар замони пеш тӯҳфаи наврӯзиро фараҳнофа мегуфтанд. Ба ғайр аз ин одамон дар ин ҷашни накӯ хонаҳоро тозаю озода мекунанд. Либосу чизҳои кӯҳнаро як сӯ гузошта либоси нав ба бар мекунанд. Ба дидорбинии хешовандон мераванд. 
Наберагонам, ҳаминро бояд бидонед, ки ба ҷашни Наврӯз шоҳ Ҷамшед асос гузоштаасту имрӯз бошад бо талошҳои  Президенти кишварамон Наврӯз ҷаҳонӣ  шуд.
Бо чунин сӯҳбати гарму пурэҳсосу фарҳангӣ ва муҳаббати бекарон ба хонаи холаи Салима омаданашонро нафаҳмида монданд. Холаи Салима онҳоро ба хона даъват кард. Вале духтарон рад намуда хостанд, ки ба хона баргарданд. Лекин холаи Салима онҳоро боздошт ва аз хона ду тоқии нақшину зебои маҳсули меҳнати хешро ҳамчун армуғони наврӯзӣ ба онҳо ҳадя кард. Онҳо хурсанду фараҳманд ва бо таассуроти хуб  ба хона шитофтанд. Зеро рӯз бегоҳ гашта фурсати чидани пудина намонда буд. Вале Наргис дар дил ҳарос дошт, ки ҳулбӯйро начидаасту гуфтаи модарро ба ҷой наоварда. Бо дили ғаш ва дасти холӣ ба хона даромада омад.
Модар Наргисро дида пурсид:
-Духтарам, чаро бо дасти холӣ омадӣ 
Наргис воқеаро нақл кард ва ҳарос дошт, ки модараш ӯро ба ваҷҳи иҷро накардани вазифааш сарзаниш хоҳад кард. Вале модар ғайричашмдошти Наргис мамнунона гуфт:
-Хуб кардӣ, духтарам. Зеро аз чидани ҳулбӯй дида ёрии ту ба холаи Салима зарур ва манфиатноктар буд, чунки ӯ ба мадади  ту ниёз дошт. Ҳулбӯйро бошад пагоҳ низ чида меорӣ. Ман хушҳол шудам, зеро дар ин рӯзҳои неки баҳорию наврӯзӣ кори хайр анҷом додӣ. 
Наргисҷонам, илоҳо аз файзу қудуми мубораки ҷашни Наврӯз овои бебадали некиву борони раҳмати Парвардгор авҷпарвоз бошаду маҳмили сабзрангиҳову корвони хубиҳо меҳмони халқи тоҷик гардад ва нури ниҳоди хайрнисорон  дар ниҳоди ҳар яке талолӯ бизинад.
 Маҳина Ғаффорова,
донишҷўи соли дуюми факултети
филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло