1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

МАФТУНА ҚУДУЗОВА БОЗ ДАР САФИ ПЕШ

Дирўз  дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ даври ниҳоии фестивали умумиҷумҳуриявии донишҷӯёни навовар ва ихтироъкор баргузор гардид. Дар ин фестивал лоиҳаи пешниҳодкардаи Мафтуна Қудузова, донишљўи курси 3-юми ихтисоси физикаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Коркард ва сохтани таљњизот барои чен кардани гармигузаронии љисмњои сахт” бо роҳбарии мудири кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои  сахт, дотсент Рустам Валиев сазовори ҷойи дуюм дониста шуд. 
Лозим ба ёдоварист, ки соли гузашта Мафтуна Қудузова дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён оид ба дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар риштаи фанни физика ҷойи аввал ва соли равон ҷойи сеюмро касб намуда буд. Ишғоли ҷойи дуюм дар Фестивали умумиҷумҳуриявии донишҷӯёни навовар ва ихтироъкор музаффарияти навбатии  Мафтуна Қудузова ва роҳбари илмии он кас Рустамҷон Валиев – дотсент, мудири кафедраи ФУ ва ҶС ба ҳисоб меравад, ки армуғони идона дар арафаи таҷлили ҷашни бошукӯҳи Наврӯзи оламафрӯз мебошад ва ба ҳамин муносибат ғолибонро табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон тансиҳативу хонаободӣ, хушиҳои зиндагӣ ва музаффариятҳои нав ба нави илмиву эҷодиро таманно дорем.
 
Назаров Р.Р. – декани факултети
 физикаю техника
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло