1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

МУАРРИФИИ РЕКТОРИ НАВИ ДДХ БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Дирўз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати роҳбарикунандаи макотиби олии мамлакат таъғироти кадрӣ намуданд.
Ҳамин тавр бо қарори Ҳукумати кишвар Анвар Мақсудӣ бинобар ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик  Бобоҷон Ғафуров озод ва ба ин маснад Ҷамшед Ҷўразода таъин гардид.
Ба муносибат дар толори калони раёсати донишгоҳ бо иштироки муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев,  муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ  ва ҳайати профессорону устодон муаррифи ректори нави ин муассисаи олии кишвар сурат гирифт.
Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро бо қарорҳои Ҳукумати кишвар шинос намуда, аз ҷумла афзуд, ки Анвар Мақсуд замони роҳбарӣ ҳамчун ташкилотчии моҳир ва  ислоҳотчӣ дар рушду нумуъи донишгоҳ хизматҳои шоиста намудааст. Бо назардошти кадри ҷавон ва умедбахш Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Анвар Мақсудӣ вазифаи дигареро пешниҳод намудааст. Ҷамшед Ҷўразода низ замони роҳбарӣ дар Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати мақому эътибори донишгоҳро баланд бардоштанд. Умед мекунем, ки мавсуф дар ин боргоҳи бузург низ фаъолияти густурда ба роҳ монда, дар рушду ташаккули он ҳиссаи босазо мегузорад.
Сипас, Анвар Мақсудӣ ба сухан баромада, аз ҷумла гуфт, ки  давоми роҳбарӣ дар донишгоҳ бо дарёфти захираҳои дохилӣ ва дуруст ба роҳ мондани интизоми молиявӣ мавҷуда имкон дод, ки маблағҳои суратҳисоби махсуси донишгоҳ аз 15 миллион сомонии соли 2014 ба 34 миллион сомонии соли 2017 расид. Маоши посбон ва фаррошон аз 387 сомонӣ то ба 680 сомонӣ, лабарантон аз 380 сомонӣ то 750 сомонӣ, маоши ҳадди аққал аз 387 сомонӣ то ба 680 сомонӣ расонида шуд. Баҳри таҷдиду азнавсозии базаи моддиву техникии донишгоҳ корҳои мушаххас ба анҷом расонида шуданд. Донишгоҳ бо базаи моддиву техникӣ ва ахборотии раванди таълим муҷаҳҳаз гардида  8 бинои таълимӣ, 4 хобгоҳ, 488 синфхонаи таълимӣ, 101 лабараторияҳои таълимӣ, 130 кабинети махсус, 76 кабинети таълимӣ, 47 синфхонаи таълимӣ, 70 кабинети лингофонӣ, 154 тахтаҳои электронӣ, 304 проектор, 1200 компутерҳои фардӣ, 16 адад серверӣ ва лабараторияҳои биологӣ, химиявӣ, электротехникӣ мавҷуд буда, шабакаи ягонаи тариқи нахи оптикӣ амал мекунад, ки дар Тоҷикистон назир надорад.
Назира Ғаффорӣ муовини Раиси виляти Суғд зимни муаррифии Ҷамшед Ҷўразода аз ҷумла гуфт, ки соли 1993 аввал дар кафедраи таърих ва этнографияи халқи тоҷики донишгоҳ ба сифати ассистент ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз намуда, солҳои 1995-1998 дар аспирантураи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров таҳсил кардааст. Моҳи январи соли 2000 ба вазифаи мудири шўъбаи масоили иҷтимоӣ-фарҳангӣ, робита бо созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва муносибатҳои байналмилалии Ҳукумати шаҳри Хуҷанд таъин шуда, аз 31 апрели соли 2003 то 30 ноябри соли 2005 вазифаи муовини мудири шўъбаи масоили иҷтимоӣ - фарҳангӣ, робита бо созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва муносибатҳои байналмилалии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро ба зимма дошт. Аз  30 ноябри соли 2005 то 25 ноябри соли 2006 дар вазифаи декани факултаи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  фаъолият намуд.  Аз 25 ноябри соли 2006 то 11 январи соли 2007 ба ҳайси ноиби ректор оид ба тарбия донишгоҳ  фаъолият дошт. 16 апрели 2009 декани факултаи  сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ таъин гардид.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 242 аз 11 майи 2012 Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таъин гардид. Аз соли 2016 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар давраи рохбарии Ҷамшед Ҷӯразода донишгоҳ пурра ба  низоми сезинагии таълим гузашта, раванди автоматизатсиякунонии раванди таълим фаъол гардид. Супоридани имтиҳоноти ҷорӣ пурра тавассути маркази тестӣ ба рох монда шуд. Таҳияи комплексҳои таълимию методӣ раванди мутассили эҷодиро ба худ касб кард. Меъёрхои нави сифати таҳсилот чорӣ шуд. Ба масъалаи такмили ихтисос ва бозомўзии кормандон таваҷҷўҳи пайваста зоҳир гардид ва «Маркази маърифат» таъсис дода шуд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2017 №131 ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъин гардид.
Сипас, ректори тозатаъини ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷамшед Ҷўразода барои боварӣ ва эътимод ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки барои баланд бардоштани обруву эътибори ин муассисаи олии мамлакат тамоми кўшишу ғайратро равона намуда, барои тарбияи кадрҳои баландихтисос аз имконоти мавҷуда самаранок истифода хоҳам намуд.
Саидмурод Ҳоҷиев, дотсенти факултети филологияи тоҷик аз номи кулли устодон ба собиқ ректори донишгоҳ Анвар Мақсудӣ ва ректори тозатаъин Ҷамшед Ҷўразода изҳорӣ сипосмандӣ ва пешравию ободкориҳо таманно намуд.
Маркази иттилоот  ва таҳлили раёсати донишгоҳ 
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло