1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

НАМОИШИ КИТОБҲОИ НАВРӮЗӢ

Дар таърихи 14-15-уми марти соли равон дар бинои 1-ум ва 2-юми  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров бахшида ба фарорасии  «Иди байналмиллалии Наврӯзи аҷам», намоиши китобҳои тозавуруди китобхонаи марказии донишгоҳ баргузор гардид. Дар он зиёда аз 1000 адад китобҳои тозавуруд, китобҳои пешвои миллат, китобҳои устодон ва аз рӯи ихтисосҳо китобҳо ба намоиш гузошта шуд. Дар он ҳайати зиёди профессорону  устодони донишгоҳ, деканони факултетҳо, муҳассилини донишгоҳ  ширкат варзиданд. Хусусан аз тарафи ҷавонони илмталабу донишҷӯ ба намоиши мазкур таваҷҷӯҳи хоса дида шуд, ки қобили зикр аст. Рӯзи аввали намоиш дар бинои 1 –ум зиёда аз 1490 нафар,  рӯзи дуюм дар бинои 2-юм зиёда аз 1822 нафар донишҷӯёну омӯзгорон ширкати фаъолона варзида, аз намоиши китобҳои диққатҷалбкунанда баҳравар гардиданд. 
Барои аъзо намудани хонандагон «Мизи обуна» ташкил карда шуд, ки аз факултети забонҳои хориҷӣ – 3 нафар, забонҳои шарқ – 4 нафар, педагогӣ – 7 нафар,  молия ва ИБ – 8 нафар аъзо шуданд.
Ҳамаи китобҳои ба намоиш бароварда шуда маънии тарбияи насли ҷавон, фаъолияти созандаю бунёдкорӣ, дӯст доштани Модар-Ватан, характери ҳуқуқӣ, оид ба хатари терроризм ва экстремизм, тарбияи сиёсии ҷавонон, баланд бардоштани донишу маърифати онон ва амрози инҳоро дар худ дорад. 
Ҳадаф аз гузаронидани намоиши китобҳои тозавуруд аз он аст, ки дар соли ҷавонон онҳо бояд ба омӯзиши ҳарчӣ бештари илму дониш аз интихоби роҳи дурусти зиндагӣ, шукргузорӣ аз ватани маҳбуб, расидан ба олитарин арзиши башарият -ҳаёт ва озодии инсон, эҳтироми падару модар, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат ва фарҳанги насли ҷавон мебошад. 
Ҷавонони диёри маҳбуби мо бояд бо ақлу заковати худ, ки бо мутолиаи зиёди китобҳо ба миён меояд, дар майдони  илму дониш ва маърифату ахлоқ қувваозмоӣ намоянд.
Садорати китобхонаи марказии донишгоҳ ҳамагонро санаи 16- 17 уми марти соли 2017 ба намоиши китобҳои тозавуруд,  ки дар Китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров баргузор мегардад, даъват менамоем.
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло