1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

САҲМИ БОНУВОН ДАР РУШДИ ЗАБОНШИНОСИИ ТОҶИК

Ба ифтихори 60-умин солгарди мавлуд ва 40-солагии фаъолияти илмии номзади илмҳои филологӣ, дотсент Савринисо Ғанизода дар толори факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронс таҳти унвони «Саҳми бонувон дар рушди забоншиносии муосири тоҷик» баргузор гардид.
Дар конфронс нахуст ректори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров дотсент Анвар Мақсудӣ баромад карда, доир ба саҳми дотсент С.Ғанизода дар рушди илми забоншиносии муосири тоҷик суханронӣ намуданд.
Декани факултети филологияи тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Мўсо Олимҷонов дар баромади хеш аз хусуси фаъолият ва саҳми дотсент Ғанизода дар пешрафти илми забоншиносии муосири тоҷик ёдовар шуданд.
Сипас, мудири кафедраи забони тоҷикӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор А.Ҳасанов дар маърўзаи хеш доир ба хидмати дотсент С.Ғанизода дар илми забоншиносӣ сухан гуфта, осори таҳқиқии ўро муаррифӣ намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло