1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОНИ ШАҲРИ ИСФАРА БА ДДХ

Бо мақсади иҷрои дастури Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 5/5-630 аз 09.03.2017 сол дар бораи ташкили самаранокии корҳои тарғиботу ташвиқотӣ оид ба ҷалби довталабон ба ихтисососҳои амалкардаистодаи донишгоҳ барои соли таҳсили 2017-2018 якчанд нафар устодони кафедраи умумидонишгоҳии информатика санаи  09.03.2017 ва 13.03.2017 ба муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳри  Исфара ҷамоатҳои Ворух ва  Чоркӯҳ ба сафар баромаданд ва ҳиссаи худро дар маъракаи таблиғотии “Довталаб -2017” гузоштанд. 
 Ҳангоми ташвиқот  як гурӯҳи корӣ бо сарварии дотсент  Х.Шамсиддинов ба муассисаҳои таълимии ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ  ҳозир шуда, ҳангоми вохӯрӣ ба хатмкунандагон рӯзномаи донишгоҳии “Нури маърифат”-ро тақсим намуданд ва ба онҳо маълумоти муфассал дар бораи ихтисосҳои дар донишгоҳ амалкунанда доданд. Бояд алоҳида қайд кард, ки ҳар як муассисаи таълимӣ аз омадани гурӯҳи корӣ шод гашта, онҳоро хуш пазируфтанд ва шароитҳои мусоидро барои гузаронидани ин чорабинӣ муҳайё намуданд. Аз ҳамин сабаб гурӯҳи корӣ дар минтақаи худ корҳои фаҳмондадиҳиро софдилона иҷро намуда, хатмкунандагонро барои дохил шудан ба маҳзани илму маориф, макони нуру зиё – Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров даъват намуданд. Устодон доир ба вазъи таҳсил дар донишгоҳ, ихтисосҳои амалкунанда, шароити муосид ва раванди хуби таҳсил маълумотҳо доданд.
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло