1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

МАҚОМИ ДУЮМИ ДДХ ДАР ҶОМИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

11 марти соли равон дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо гирифтани ҷойҳои намоён байни муассисаҳои олии мамлакат мақоми дуюмро касб кард.
Дар озмун донишҷўёни ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  бо ба даст овардани 2 дипломи ҷои якум ва 3 дипломи ҷои сеюм сазовори ҷои дуюм гаштанд. 
ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро  12 нафар намояндагӣ карда, нахуст шарафи ин боргоҳи бузурги илмро Рӯзибой Баротов  донишҷўйи курси 4-уми  факултети математика ва Маҳина Ғаффорова донишўйи курси 2 –юми факултети филологияи тоҷик боло бардошта, ҳарду мақоми аввалро ба даст оварданд.
Мафтуна  Қудузова,   донишҷўйи курси 3 факултети физикаю техника, Шоҳмурод Шодиев, донишҷўйи  курси 1-уми факултети физикаю техника, Нилуфар Қаюмова донишҷўйи курси 2-и  факултети биология-химия ва Беҳзод Раҳмонов донишҷўйи курси 5 факултети математика ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Фирӯза  Мирраҳимова донишҷўйи курси 3 факултети биология-химия, Навбаҳор Акрамова  донишҷўйи курси 2 факултети геоэкология, Исматулло Норов донишҷўйи курси 2 факултети таърих ва ҳуқуқ ва Муқаддас Мирзохоҷаева донишҷуйи курси 2 факултети математика мақоми чорумро ба даст оварданд. 
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бо мақсади дарёфти донишҷуёни боистеъдод аз рӯи 12 соҳаи илм — математика, физика, астрономия, химия, геология, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа ва ҳукуқ соли 4-ум аст, ки гузаронида мешавад.
Донишҷӯёни ғолибро ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудӣ ба ҳузур пазируфта, бо ин дастовард таҳният гуфт ва таъкид намуд, ин меҳнати шоиста дар айёми ҷашни Наврузи байналмилал қадршиносӣ карда хоҳад шуд ва баҳри ба даст овардани музаффариятҳои нав дар озмунҳои минбаъда ба эшон комёбиҳои беназирро таманно намуд.
 Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ  
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло