1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ХАТМКУНАНДАГОНИ КОНИБОДОМ: ИНТИХОБ ДДХ!

Бо мақсади иҷро намудани супориши ректори донишгоҳ дотсент А.Мақсудӣ аз 03.03.2017 гурӯҳи кории ҳайати факултети забонҳои хориҷӣ санаи 10.03.2017 ба муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳри Конибодом сафарбар шуданд ва бо ҳамин ҳиссаи худро дар маъракаи таблиғотии “Довталаб -2017” гузоштанд. 
Ҷоиз ба зикр аст, ки сараввал дар ҷаласаи Шӯрои олимони факултет бо сарварии дотсент М. Абдуллоева  баррасӣ гардид ва аз ҳозирин даъват карда шуд, ки дар ин самт корбарӣ намоянд. Аз ин лиҳоз, дар факултет гурӯҳи корӣ ташкил карда шуда, алоқа бо шуъбаи маорифи шаҳри мазкур ба роҳ монда шуд. Пас аз бо ёрии мушовири шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом муайян кардани ҷойгиршавии муассисаҳои таълимӣ шаш гурӯҳи корӣ ба ин муассисаҳо сафарбар шуданд. 
Аз сӯҳбат бо мушовири шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом маълум гашт, ки дар ин минтақа дар умум 50 муассисаи таълимӣ бо 11 соли хониш ва 4 муассиса бо 9 соли хониш фаъолият мебаранд. 
Ҳамин тавр, ҳангоми ташвиқот шаш гурӯҳи корӣ бо сарварии дотсент М. Абдулоева ба муассисаҳои таълимии ҷамоатҳои деҳотии Э.Шарифов, Р.Ҳамробоев, Пӯлотон, Ортиқов, Патар, Лоҳутӣ ҳозир шуда, ҳангоми вохӯрӣ ба хатмкунандагон рӯзномаи донишгоҳии “Нури маърифат”-ро тақсим намуда, ба онҳо маълумоти муфассал дар бораи тахассусҳои дар донишгоҳ амалкунанда доданд. Бояд алоҳида қайд кард, ки ҳар як муассисаи таълимӣ аз омадани гурӯҳи корӣ шод гашта, онҳоро хуш пазируфтанд ва шароитҳои мусоидро барои гузаронидани ин чорабинӣ муҳайё намуданд. Аз ҳамин сабаб ҳар як гурӯҳи корӣ дар минтақаи худ корҳои фаҳмондадиҳиро софдилона иҷро намуда, хатмкунандагонро барои дохил шудан ба махзани илму маориф, макони нуру зиё – Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров даъват намуд. 
Садорати факултети забонҳои хориҷӣ бо ҳайати зиёда аз 50 нафараи худ фаъолияти худро барои дар амал татбиқ намудани нақшаи корӣ бахшида ба Соли 2017 – Соли ҷавонон ва иҷро намудани мақсаду вазифаҳои барномаи давлатӣ “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнатӣ” аз 1 августи соли 2012 №895 равона хоҳанд сохт.
Мусо Саидов, 
сармуаллим, мудири кафедраи забони олмонӣ
 




баён кардани ахборот

БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло